РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
«Эй Абдуллоҳ, ба ман хабар расид, ки рўзҳо пайваста рўза медорӣ ва шабҳо қиём менамоӣ!
Гуфтам: Оре, эй Расули Худо. Фармуд: (Эй Абдуллоҳ,) чунин накун, балки рўза бигир ва ифтор ҳам кун, шабҳо ба ибодат бархез ва хоб ҳам кун. Зеро ҷисмат бар ту ҳақ дорад, чашмонат бар ту ҳақ доранд, ҳамсарат бар ту ҳақ дорад ва меҳмонҳоят бар ту ҳақ доранд (ва бояд тамоми ин ҳуқуқҳоро ба ҷой оварӣ). Ҳамин қадар туро кифоя аст, ки ҳар моҳ се рўз рўза дорӣ. Барои ту дар ҳар некӣ даҳ баробар аҷр дода мешавад. Ҳамин се рўз рўзаи тамоми даҳр (умр) ба шумор меравад».
(Абдуллоҳ дар идома мегўяд): Вале ман бар худ сахт гирифтам ва дар ниҳоят ин кор бар ман сахт тамом шуд. Гуфтам: Эй Расули Худо, ман бештар аз ин қувват дорам!? Фармуд: «Пас рўзаи паёмбари Худо Довудро бидор ва бар он наафзо!». Пурсидам: Рўзаи паёмбари Худо Довуд (ъ) чӣ гуна буд? Гуфт: «Рўзаи нисфи даҳр (умр)».
Абдуллоҳ пас аз он ки пир гашта буд, мегуфт: Эй кош, рухсат ва насиҳати Паёмбар (с)-ро қабул мекардам.300 Дар ривояте омадааст, ки: «Расули Худо (с) дар яке аз сафарҳо дид, ки мардум дар атрофи марде издиҳом доранд ва болояш соя сохта шудааст. Гуфт: Ўро чӣ шудааст? Гуфтанд: Марди рўзадоре аст. Фармуд: Рўза доштан дар сафар хуб нест».301
300 Саҳеҳи Бухорӣ, 1974, 1975; Саҳеҳи Муслим, 2722 (1159)-182. 2723 (1159)-181. Дар дигар ривоятҳо омадааст: «Гуфтам: Ман аз ин бештар қувват дорам. Фармуд: Пас як рўз рўза бигир ва ду рўз ифтор кун.
Боз гуфтам: Ман аз ин бештар тоқат мекунам. Фармуд: Набошад, як рўз рўза бигир ва як рўз ифтор кун. Ин рўзаи Довуд (ъ) мебошад ва беҳтарин рўза аст. Гуфтам: Аз ин ҳам бештар қувват дорам. Фармуд:
Аз ин беҳтар намешавад». (Саҳеҳи Бухорӣ, 1976; Саҳеҳи Муслим, 2721 (1159)-181, 182, 183, 184. Дар яке аз ривоятҳои Муслим омадааст: «Аз куҷо медонӣ, шояд умри дарозе бинӣ». Дар яке аз ривоятҳои Муслим омадааст: «Фарзандонат бар ту ҳақ доранд».
301 Саҳеҳи Бухорӣ, 1946; Саҳеҳи Муслим, 2607 (1114)-90; Сунани Абўдовуд, 2407.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё