РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Се рўзе аз ҳар моҳ
Расули Худо (с) ба рўза доштани се рўз аз ҳар моҳ
низ тавсияҳои зиёде намудааст ва хуб мешавад, ки он се
рўз рўзҳои сафед, яъне рўзҳое бошанд, ки моҳ пур мегардад. Он рўзҳо сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳуми ҳар
моҳ мебошанд. Абўҳурайра (р) мефармояд: «Паёмбар
(с) се чизро ба ман аҳд ниҳод: Ин ки намози витрро нохонда нахобам, се рўзе аз ҳар моҳро рўза дорам ва намози чоштро бигузорам».291
Абўзар (р) мегўяд: Расули Худо (с) фармуд: «Эй
Абўзар, агар ҳар моҳе се рўз рўза гирифтӣ, пас рўзҳои
сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳумро рўза бидор!».292 Вале
шарт нест, ки он се рўз айнан ҳамон рўзҳои миёнаи моҳ
бошанд, балки дар дигар вақтҳо низ ҷоиз мебошад. Муъозаи Адавӣ аз Оиша (р) пурсид, ки: «Оё Расули Худо
(с) ҳар моҳ се рўз рўза медошт? Гуфт: Оре. Боз пурсид,
ки: Кадом рўзҳои моҳро рўза медошт? Гуфт: Фарқе намекард, ки кадом рўзҳояшро рўза медошт».293
Рўза дар вақтҳои дигар
Ҳамчунин Расули Худо (с) ба рўза доштан дар моҳи муҳаррам низ тавсия намудааст, он ҷо ки мефармояд:
«Беҳтарин рўза пас аз моҳи Рамазон рўзаи моҳи муҳаррам (муқаддас)-и Худо аст».294 Агар он ба рўзҳои нўҳум ва даҳуми моҳи муҳаррам мутобиқ ояд, беҳтар мебошад, зеро Паёмбар (с) дар ин рўзҳо рўза медошт.
291 Сунани Тирмизӣ, 760.
292 Сунани Тирмизӣ, 761; Сунани Насоӣ, 2421.
293 Саҳеҳи Муслим, 2736 (1160)-194; Сунани Абўдовуд, 2453; Сунани Тирмизӣ, 763; Сунани Ибни Моҷа, 1709.
294 Саҳеҳи Муслим, 2747 (1163)-202, 2748 (1163)-203; Сунани Абўдовуд, 2429; Сунани Тирмизӣ, 438, 740; Сунани Насоӣ, 1612, 1613; Сунани Ибни Моҷа, 1742.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё