Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Фаъол будани табодули маводро дар ҳуҷайра митохондрия283 ба уҳда дорад ва идомаи ҳаёт дар бадан ба коршоямии он бастагӣ дорад. Вақте митохондрия зарфияти корӣ ва захираҳои ҳаётии худро аз даст медиҳад, марҳалаи апоптоз284 – азбайнравӣ ва ё марг дар он оғоз мегардад.285 Мавлоно рӯзаи моҳи Рамазонро бино бар фавоиди беҳдоштӣ ва осори неки маънавие, ки дар ҷисму ҷони одамӣ бор меоварад, ба модари бонавозише ташбеҳ мекунад, ки тӯли ин моҳ ба парвариши фарзандони хеш пардохта ва рӯзадоронро ба ҳайси фарзандони ширхораи он ба баҳрамандӣ аз шири маонии он фаро мехонад, он ҷо ки мефармояд:

Сӯи атфол биёмад ба карам модари рӯза,
Маҳил, эй тифл, ба сустӣ тарафи чодари рӯза!
Бинигар рӯи зарифаш, бихӯр он шири латифаш,
Ба ҳамон кӯй ватан кун, бинишин бар дари рӯза!

Бинигар дасти ризоро, ки баҳорест Худоро,
Бинигар ҷаннати ҷонро шуда бар абҳари рӯза.
Ҳала, эй ғунчаи нозон, чӣ заъифию чӣ ёзон,
Чун расанбози баҳорӣ биҷаҳ аз Хайбари рӯза!
(Мавлоно, Куллиёти Шамс)

Дар оғози рӯзадорӣ забон хушк ва арақи бадан зиёд
мешавад, даҳон бӯ мекунад ва оби бинӣ гоҳе мерезад, ки ҳама аломати шустушӯи комили бадан аст.

283 Митохондрия аз калимаи юнонии «Mitochondria» ва ба маънои нахи доначаҳо буда, дар истилоҳи биологӣ ба маънои органоидҳои ташкилдиҳандаи сохтори дохилии ҳуҷайраҳои ҳайвонот ва растаниҳо мебошад ва ҳаявият, нашот ва имтидоди ҳаёти ҳуҷайраҳо ба дараҷаи коршоямии онҳо бастагӣ дорад.
284 Апоптоз аз калимаи юнонии «Apoptosis» ва ба маънои афтанда, фурўпошанда ва барҳамхўранда буда, дар истилоҳи биологӣ ба маънои шароити генетикие аст, ки раванди инҳилоли физиологӣ ва маргу нобудии ҳуҷайраро ба ҳамроҳ дорад.
285 Иқтибос аз шабакаи интернет.

пешина
аз 190
навбатӣ