РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Он ду хислате, ки боиси хушнудии Парвардигоратон мегарданд, яке шаҳодат додан аст бар ин ки ҳеҷ худое ба ҷуз Аллоҳи ягона вуҷуд надорад ва дигар аз Ў мағфират хостан аст. Аммо он ду хислате, ки барои худатон зарурӣ мебошанд, аввал ин ки ҷаннатро аз Худованд бихоҳед ва дуввум ин ки аз оташи дўзах ба Ў паноҳ баред.
Ҳар касе рўзадореро обе диҳад, Худованд ўро аз ҳавзи ман шарбате бинўшонад, ки то ҷаннат дигар ташна нагардад».24 Пас моҳи Рамазон барои башарият моҳи хайру баракат: моҳи сабру худсозӣ, моҳи таҷдиди имон, моҳи талаби омурзиш, моҳи афзунии ризқ, моҳи ибодат, моҳи дуъо, моҳи эъмори ҷомеа, моҳи дастгирӣ ва кўмаки ниёзмандон ва хулоса, моҳи расидан ба биҳишт ва дурӣ ҷустан аз оташ аст. Мўъмини босаодат дар ин моҳ метавонад ба тамоми ин хушбахтиҳо ва пешрафтҳо ноил гардад.
Рўза дар поксозӣ ва парвариши бадан ҳамон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳар чиз закоте дорад ва закоти бадан рўза аст».25
Аз ҷисм беҳтарин ҳаракоте салот бин,
В-аз нафс беҳтарин саканоте сиём дон!
Ё Раб, дили шикаставу дини дуруст деҳ,
К-онҷо ки ин ду нест, ваболест бе карон!
(Хоқонӣ, Девони ашъор, 156)
Моҳи Рамазон беҳтарин фурсат барои иҷобати дуъо ва орзуҳои неки шахси рўзадор мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Дуъои шахси рўзадор ҳаргиз рад карда
намешавад».
24 Саҳеҳи Ибни Ҳузайма, 1887. – Ҷ. 3. – С. 191. Муснади имом Аҳмад, 7108. – Ҷ. 2. – С. 459, 8765. – Ҷ. 9. – С. 87, 9213. – Ҷ. 3. – С. 158. Шуъабу-л-имон, 3608. – Ҷ. 3. – С. 305. Банно дар «Фатҳи раббонӣ» (9/233) исноди онро ба сабаби вуҷуди Алӣ ибни Зайд ибни Ҷудъон дар силсилаи санадаш заъиф гуфтааст.
25 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С. 425.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё