РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ин амр аз аҳаммияти иҷтимоӣ ва арзиши ибодатии қурбонӣ дар фарҳанги исломӣ хабар медиҳад. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе гунҷоиш (ва тавоноӣ)-е дошта бошад ва қурбонӣ накунад, ба намозгоҳи мо наздик нагардад!».256 Ин ойин ва расми ибодӣ дар рўзҳои ид аз куҳантарин шиорҳои динӣ ва суннатҳои худовандӣ аст, ки дар муносибатҳои динӣ ва идҳои умматҳои пешин низ ба таври барҷастае ба чашм мехўрад. Худованд мефармояд: «Ва барои ҳар уммате шиор (ва мансак)-е гардонидаем, то номи Худоро бар он чи аз чаҳорпоён (баҳимаи анъом) ба онҳо рўзӣ додааст, ёд намоянд».257 Аз Алӣ ибни Абўталҳа аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки мурод аз калимаи «мансак» дар ин оят ид аст ва аз Икрима ривоят шуда, ки манзур аз он забҳ ва қурбонӣ аст.258 Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки манзур аз намоз ва наҳр дар ояти карима: «Пас барои Парвардигорат намоз бигузор ва наҳр кун»259 намози иди Қурбон ва қурбонӣ дар он рўз мебошад.260 Қурбоникунанда ҳангоми забҳ ин дуъоро бихонад:
Ҷумҳури муфассирон иттифоқи назар доранд, ки мурод аз наҳр дар ин оят қурбонӣ аст, вале дар мавриди намозе, ки дар ин оят ба он амр шудааст, ихтилофи назар доранд. Баъзеҳо онро намозҳои фарзӣ гуфтаанд, баъзеҳо намози иди Қурбон донистаанд ва баъзеҳо ба маънои дигар гирифтаанд.
«Иннӣ ваҷҷаҳту ваҷҳия лиллазӣ фатара-с-самовоти ва-л-арза ҳанифан ва мо ана мина-л-мушрикин.
256 Сунани Ибни Моҷа, 3123.
257 Сураи Ҳаҷ, 22: 34.
258 Мисбоҳи мунир (гузидаи тафсири Ибни Касир). – С. 895.
259 Сураи Кавсар, 108: 2.
260 Тафсири Табарӣ. – Ҷ. 10. – С. 8807.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё