Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Касе онро пеш аз намоз (-и ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад».242 Ислом дар зимни барномаҳои ибодатии худ усули иқтисодӣ ва тарҳи кафолатҳои иҷтимоиро бо пешбиниҳои дақиқе дарҷ намудааст, ки дар он ҳам арзишҳои инсонӣ, аз қабили бародарӣ, ҳамбастагӣ ва таъмини зиндагонии обрумандона барои тамоми қишрҳои ҷомеа таҳаққуқ меёбанд ва ҳам бо ҳисси камоли бандагӣ ва анҷоми вазифаи шаръӣ аз сўи дорандагон пардохт мешаванд.
Пардохти садақаи Фитр бар шахси дорои шароит воҷиб буда, соли дуюми ҳиҷрӣ ҳамзамон бо фарз гардидани рўзаи моҳи Рамазон собит шудааст. Онро дар истилоҳи шаръ ҳам садақаи Фитр ва ҳам закоти Фитр мегўянд.
Аз чандин нафар пешвоёни Ислом, аз ҷумла Икрима ривоят шудааст, ки манзур аз покизагӣ дар ояти карима «Дар воқеъ, растагор гардидааст касе, ки (худро) пок сохта ва номи Парвардигорашро ба ёд оварда намоз гузоридааст»243 додани садақаи Фитр аст.244 Ривоят шудааст, ки амири мўъминон Умар ибни Абдулазиз (рҳ) мардумро ба додани садақаи Фитр амр мекард ва ин оятро: «Дар воқеъ, растагор гардидааст касе, ки пок гардид ва номи Парвардигорашро ба ёд овард, он гоҳ намоз гузорид» тиловат мекард.245 Вай ибораи «Ман тазакко»-ро дар ояти ба маънои «Касе закот (ва ё садақа)-и Фитр(аш)-ро бидиҳад, дар воқеъ, растагор гардида…» тафсир кардааст.

242 Сунани Абўдовуд, 1609; Сунани Ибни Моҷа, 1827.
243 Сураи Аъло, 87: 14, 15.
244 Тафсири Табарӣ. – Ҷ. 10. – С. 8595.
245 Мисбоҳи мунир (гузидаи тафсири Ибни Касир). – С. 1502.

пешина
аз 190
навбатӣ