Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аҳамияти намози ид

Пазируфта бод рӯзаву фархунда иди ту,
Аз рӯза бо масубату аз ид шодмон!
(Сӯзании Самарқандӣ)

Дар фарҳанги исломӣ баргузории намози ид аҳамияти баланди тарбиявӣ ва ҷойгоҳи хоси иҷтимоӣ дорад
ва он аз боазаматтарин шаоири фарҳангӣ-ибодатии дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бинобар ин, Расули Худо (с) барои баргузории намозҳои ид ҳамеша фазои кушод ва макони бопаҳноеро ғайр аз масҷид дар дохил ва ё гўшаи шаҳр интихоб мекард ва тамоми мардум – хурду бузург ва марду занро ба тамошо ва ҳузури дар он даъват мекард. Он мавзееро, ки намози ид дар он дар дохил ва ё гўшаи шаҳр баргузор мешуд, мусалло (намозгоҳ) мегуфтанд. Паёмбари акрам (с) намозҳои идро дар макони кушодае, ки дар назди гўристони Бақеъ воқеъ буд ва ё дар мусаллои шаҳри Мадина, ки дар назди ҳавлии Касир ибни Салт воқеъ буд, баргузор мекард.232
Ин дар ҳолате буд, ки барояшон узре пеш намеомад, зеро ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «(Боре) дар замони Расули Худо (с) дар рўзи ид ба мардум борон (-и сахт)-е расид, ки намози идро бо онҳо дар масҷид баргузор намуд».233 Фақеҳони киром аз маҷмўи ривоятҳо ва осоре, ки дар ин бора собит шудаанд, ба ин натиҷаи фиқҳӣ расидаанд, ки агар мардум имкони хуруҷ ба берун ва ё гўшаи шаҳр ба намозгоҳи умумиро дошта бошанд, пас беҳтар аст, ки намозҳои идро дар он ҷо (намозгоҳ) баргузор намоянд, вале дар сурати пеш омадани узре, ба монанди борони сахт ва ё мушкилоти дигаре, ба монанди тавсеаи шаҳрҳо, издиҳоми сайри ҳаракати мошинҳо ва ғайра, ки баромади мардумро ба беруни шаҳр ба гунае мушкил намуда, метавонанд намозро дар масҷидҳои шаҳр баргузор намоянд.
Аз Уммиатия (р) ривоят шудааст, ки «дар рўзҳои ид ба хуруҷ ба сўи намозгоҳ амр мешудем ва ҳатто духтарони бикрро аз зери чодар ва занони дар ҳоли ҳайзро ҳамроҳи худ ба он ҷо мебурдем, то баракат ва покии он рўзро дарёбанд. Онҳо дар пушти мардуми намозгузор (берун аз доираи баргузории намоз) меистоданд ва ҳамроҳи онҳо такбир мегуфтанд ва дуъо мекарданд».234 Аз Уммиатия (р) боз ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд:
«Ҷавонзанҳо ва духтарони чадарнишин ва занони дар ҳоли ҳайз низ ба намозгоҳ бароянд ва занони дар ҳайз аз доираи баргузории намоз берун истанд ва хайр ва дуъои мўъминонро дарёбанд…».235 Расули Худо (с) бо ҳузури занон дар намозгоҳ ва шунидани хутбаҳои умумӣ иктифо намекард, балки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва панду андарзи онҳо пас аз поёни хутба ба назди онҳо меомад ва барояшон суханронии махсусе эрод мекард. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) рўзи иди Фитр бархост ва намоз (-и ид)-ро гузорид ва пас аз он хутба хонд.

232 Аз Баро ибни Озиб (р) ривоят шудааст, ки «Расули Худо (с) рўзи иди Қурбон ба сўи гўристони Бақеъ баромад ва ду ракъат намози идро (дар он ҷо) барпо дошт, он гоҳ ба мардум рўй овард ва фармуд…». (Саҳеҳи Бухорӣ, 976).
Дар ривояти дигаре аз Ибни Аббос (р) омадааст, ки: «Паёмбар (с) ба назди нишонае, ки дар назди ҳавлии Касир ибни Салт буд, омад ва намози идро дар он ҷо барпо намуд…». (Саҳеҳи Бухорӣ, 977).
Ҳавлии Касир ибни Салт дар тарафи қиблаи намозгоҳ воқеъ буда, ба водии Батҳон сар мекашид, ки дар миёнаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда буд. (Фатҳулборӣ. – Ҷ. 2. – С.449). Ибни Қаййими Ҷавзӣ мегўяд: Расули Худо (с) намозҳои идро дар мусалло, ки дар дарвозаи шарқии шаҳри Мадина воқеъ буд, мегузорид. (Зоду-л-маод. – Ҷ. 1. – С. 425).
233 Сунани Абўдовуд, 1160; Сунани Ибни Моҷа, 1313.
234 Саҳеҳи Бухорӣ, 971; Саҳеҳи Муслим, 2052 (890)-11.
235 Саҳеҳи Бухорӣ, 324, 980, 981; Саҳеҳи Муслим, 2051 (890)-10, 12.

пешина
аз 190
навбатӣ