РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Намози иди Фитр ва Қурбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин тариқ аст, ки аввал имом такбири таҳрима – «Аллоҳу акбар» гуфта, ба намоз сар мекунад. Аввал, ба мисли дигар намозҳо, сано мехонад ва баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоҳу акбар»
гуфта, дар ҳар такбир дастҳояшро баробари гўшҳояш мебардорад. Пас аз он «Аъузу биллоҳ…» ва «Бисмиллоҳ…»-ро паст ва сураи «Фотиҳа»-ро ҳамроҳ бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукўъ ва суҷуд рафта, ракъати аввали намозро ба ҷо меоварад.
Он гоҳ барои ракъати дуюм бармехезад ва бо садои паст «Бисмиллоҳ…» гуфта, сураи «Фотиҳа» ва сураи дигареро бо садои баланд мехонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегўяд ва дар ҳар такбир дастҳои худро мебардорад. Ҳоло дигар такбиргўён ба рукўъ ва пас аз он ба суҷуд рафта, монанди дигар намозҳо ракъати дуюмашро ҳам анҷом медиҳад.
Расули Худо (с) дар намозҳои идайн – иди Рамазон ва Қурбон сураҳои «Аъло» ва «Ғошия»-ро мехонд, ҳатто агар ид дар рўзи ҷумъа меомад, ҳам дар намози ид ва ҳам дар намози ҷумъа ҳамин ду сураро мехонд.230 Аммо гоҳе дар намозҳои ҳар ду ид сураи «Қоф» ва «Вақтарабати-с-соъату»-ро қироат мекард.231 Хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анҷоми намоз суннат аст ва имом дар он бояд аҳкоми идайнро барои мардум баён созад, дар иди Фитр масоили садақаи Фитрро ва дар иди Қурбон масоили қурбонӣ ва такбироти ташриқро баён намояд.
Ҳамчунин зарур аст матолиберо, ки дар хутбаҳои ҷумъа барои мардум баён медошт, дар хутбаҳои намози идайн низ бигўяд.
230 Саҳеҳи Муслим, 2027 (878)-62; Сунани Абўдовуд, 1122; Сунани Тирмизӣ, 533; Сунани Насоӣ, 1423, 1589; Сунани Ибни Моҷа, 1281, 1283.
231 Саҳеҳи Муслим, 2056 (891)-14, 2057 (…)-15; Сунани Абўдовуд, 1154; Сунани Тирмизӣ, 533, 534; Сунани Насоӣ, 1566; Сунани Ибни Моҷа, 1282.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё