Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ин ибора ба зоҳир назр аст, вале маънои қасамро дорад. Бинобар ин, вақте бо фалонӣ сухан гуфт, ихтиёр дорад, ки ба назраш вафо намояд ва ё каффорати шикастани савгандро пардохт кунад.
Ҳар ду навъи назри муаллақ назри муайян ба шумор мераванд, зеро барои таҳаққуқи шарт замон ва маконе зарурат дорад ва пас аз замони таҳаққуқи он вафо ба назр воҷиб мегардад.
Аммо он корҳое, ки бо номи нарзи мурдагон дар назди қабри баъзе бузургон ба хотири наздикӣ ба онҳо аз сўи мардуми авом анҷом дода мешаванд, бо иҷмои уммати Ислом ботил ва ҳаром ҳастанд, ба монанди пул, динору дирҳам, шамъу равған, забҳи чорво ва ғайра. Зеро он барои маҳлуқ назр шуда, дар ҳоле ки назр танҳо барои Худо ҷоиз аст, ба ин маъно, ки назр ибодат аст ва ибодат барои ғайри Худо ҷоиз нест. Илова бар ин, шахсе, ки барояш назр шудааст, кайҳо фавтида ва дигар чизеро ба моликияти худ дароварда наметавонад ва аз ҳама сахттар он ки агар назрро ба ин эътиқод намояд, ки шахси дар қабр орамида ҳамроҳ, дар баробар ва ё ғайр аз Худо дар умури олам тасарруф менамояд, он куфр ва ширк аст.
Вале агар бигўяд: Эй Худо, ман бароят назр кардам, ки агар беморамро шифо бахшӣ ё ғоибамро баргардонӣ ва ё ҳоҷатамро барорӣ, ба фақироне, ки дар назди қабри фалонӣ нишастаанд, таом медиҳам ё барои масҷидашон бўрё мехарам ва ё корҳои дигаре, ки барои қишрҳои ниёзманди ҷомеа нафъе мебахшанд, анҷом медиҳам, ба ин эътибор ҷоиз аст.228 Ин корҳо дар замоне бештар равнақ пайдо мекунанд, ки ҷаҳлу бемаърифатӣ нисбат ба таълимоти Ислом дар байни мардум решадор гардад ва мардум моҳияти арзишҳои олии дини Худоро пурра дарк нанамоянд.

228 Радду-л-муҳтор. – Ҷ. 3. – С. 379, 380.

пешина
аз 190
навбатӣ