Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Чӣ тавре зикр гардид, барои анҷоми тамоми навъҳои назр замон, макон ва ё ҷиҳати муайянеро дар назар гирад ҳам, он ба таври мутлақ эътибор дорад. Вақте барои рўзаи назрӣ рўз ва замони муайянеро, ба мисли рўзи душанбе, масалан, дар назар гирад, онро назри муайян мегўянд. Агар онро дар ғайри рўзи таъйиннамудааш ба ҷой оварад, дуруст мегардад, вале вақте онро дар рўзи муайян ба ҷой овард, дигар бастани ният аз шаб шарт нест.
2. Назри номуайян он аст, ки барои анҷоми он замон, макон ва ё ҷиҳате муайян накунад, балки бигўяд:
Агар фалон корам анҷом бигирад, як ё якчанд рўз рўза хоҳам гирифт. Дар ин қисми назр ният барои рўза ва таъйин кардани рўзи оянда барои он, аз шаб шарт аст.
б) Назр ба эътибори шароити анҷоми он ду навъ мешавад, мутлақ ва муаллақ:

  1. Назри мутлақ дар истилоҳи фиқҳ дар баробари назри муқайяд (муаллақ) қарор дошта, ба маънои назрест, ки аз ҳар гуна шартҳои вобаста ба замон, макон, нисбат ва ё анҷоми коре холӣ бошад, яъне ба замон, макон, нисбат ва ё анҷоми коре муқайяд (вобаста) нашуда бошад. Ин гуна назрро дар ҳар замон ва маконе – ба таври мутлақ анҷом диҳад, ҷоиз аст. Масалан, агар бигўяд:
    Барои Худо бар ман ду ракъат намоз, онро дар ҳар замон ва маконе анҷом диҳад, назраш ба ҷо меояд. Назри мутлақ дар ин ҳолат яке аз навъҳои назри номуаяйн ба шумор меравад. Аз ин рў, дар баъзе матнҳои фиқҳӣ назри мутлақ ба маънои назри номуайян низ ба кор рафтааст.
  2. Назри муаллақ (вобаста) ба шарт ва он ду қисм аст:
    а) Назри муаллақ (вобаста) ба шарте, ки вуқўъи онро мехоҳад, масалан, бигўяд: Агар Худо ба ман писар ато намояд ё аз бемориам шифо ёбам ва ё ғоибам ба саломат баргардад, даҳ рўз рўза мегирам. Дар ин сурат вақте шарт таҳаққуқ ёбад, вафо ба назр воҷиб мегар- дад, агар пеш аз таҳаққуқи шарт назрашро ба ҷой оварад, он эътиборе надорад; б) Назри муаллақ ба шарте, ки ба вуҷуд омадани онро намехоҳад, масалан, бигўяд: Агар бо фалонӣ сухан гўям, барои Худо бар ман таоми даҳ мискин.
пешина
аз 190
навбатӣ