Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат

Муборак бод омад моҳи рўза!
Раҳат хуш бод эй ҳамроҳи рўза!

Шудам бар бом то маҳро бубинам,
Ки будам ман ба ҷон дилхоҳи рўза.

Бад-он маҳ раҳ бурд он кас, ки ояд,
Дар ин маҳ хуш ба хирмангоҳи рӯза!

Дуъоҳо андар ин моҳ мустаҷоб аст,
Фалакҳоро бидаррад оҳи рўза!

Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Рўза муҳимтарин василаи худсозӣ, олитарин мактаби тарбияи рўҳ ва бинои шахсияти инсон ва беҳтарин барномаи рушд ва такомули маънавии мардум ва ҷомеа мебошад, ки дар ин китоб моҳият ва аҳкоми он бозтоби равшане ёфтааст.
Китоб барои доираи васеи хонандагон ва худоҷўён пешкаш мегардад. Ба умеди қабули тоот ва ибодоти шумо дар моҳи Рамазон!

Саъй кун дар иззати сӣ пораи моҳи сиём,
К-аз фалак аз баҳри таъзимаш фуруд омад калом!
Одамӣ мумтоз шуд аз соири ҳайвон ба савм,
Номаи инсон ба ин муҳри худойӣ шуд тамом!
Чун дари дӯзах даҳон гар чанд рӯзе баста шуд,
Боз шуд чандин дар аз ҷаннат ба рӯи хосу ом!
(Соиби Табрезӣ, Девони ғазалиёт)

Ба огоҳии хонандагон мерасонем, ки китоби Накҳати Рамазон пас аз бозбинии комил, тахриҷи аҳодис ва ривоятҳо ва ворид сохтани иловаҳои тоза бори дигар ба чоп омода гардид. Барои он ҳамчунин номи дигаре, ки онро дар унвони китоб мебинед, интихоб кардем.
Шоёни зикр аст, ки рўзаи моҳи Рамазон яке аз комилтарин барномаҳои худопарастӣ мебошад, ки барои худсозӣ, хештаншиносӣ ва такомули шахсияти инсон пешбинӣ шудааст. Дини Ислом аз тариқи чунин барномаҳое мехоҳад амалан ба бинои солими шахсияти инсон ва пас аз он бунёди ҷомеаи рушдёфтае бипардозад.
Дар мактаби моҳи Рамазон шахси рўзадор дар зарфи як моҳ ба омўзиши ҷанбаҳои маънавии шахсият, парвариши ирода ва таҳкими пояҳои инсонияти худ мепардозад. Барои он ки битавонад аз баракот ва дарсҳои амалии ин моҳ ба таври комиле истифода намояд, бояд дар бораи фалсафа, моҳият, аҳком ва фоидаҳои рўза қаблан ошноӣ дошта бошад. Мо барои ҳарчи пурбортар гаштани баҳраҳои маънавии рўзадорон аз моҳи шарифи Рамазон ин рисоларо бо забони равон ва сабки зебо манзури онҳо менамоем.

аз 190
навбатӣ