Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
амал татбиқ шуда истодааст. Усули таҳиянамудаи комиссияи омории СММ дар асоси интихоби мол ва хизматрасонии бо ҳам монанди давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ва танзими нархи онҳо бояд ба роҳ монда шавад. Дар асоси ин усул, молҳои истеҳсоли давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон ба гурӯҳҳои ба ҳам наздик тақсим карда шуда, аз дохили онҳо номгӯи молҳои асосиро интихоб менамоем, ки ҳиссаи онҳо дар ташаккули ММД назаррас аст. Бо ин усул 500-800 номгӯи мол ва хизматрасонӣ, 200-300 номгӯи молҳои сармоягузорӣ (мошин, дастгоҳ, технология), 10-20 сохтмонҳои азим интихоб карда мешаванд. Натиҷаҳои корҳои ҷамъбастӣ бо усули муқоиса ва бо назардошти қобилияти харидории пули миллӣ, шароити муайян намудани сатҳи бадастомадаи пешрафти иқтисодии мамлакатро муҳайё менамояд.
Тадқиқотҳо дар асоси ин барнома ҳар панҷ сол як бор гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо аз усули бо чунин тарз муайян кардани ММД 90 давлати дунё истифода мебарад. Дар натиҷаи истифодаи ин усул, соли 1994 муайян карда шуд, ки дар Федератсияи Россия ҳаҷми ММД 735,2 млрд. доллари ШМА ё ин ки 3%-и ҳаҷми ММД-и дар ҷаҳон истеҳсолшударо ташкил намудааст. Бо ин усул Федератсияи Россия дар ҷаҳон агар ҷои 9-умро ишғол намуда бошад, пас вобаста бо нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз ҷои 30-юм ба ҷои 6-ум баромад. Бо истифодаи усули номбурда дар асл нишондиҳандаи самаранокии хоҷагии халқ ва ҳосилнокии меҳнат дар Федератсияи Россия нисбат ба усули аввала хеле афзуд. Нишондиҳандаи истеҳсоли солона ба ҳар як коргар, агар дар соли 1994 дар Федератсияи Россия бо тақсими ҳаҷми маҳсулоти соф ва шумораи аҳолии қобили кор 10000 долларро ташкил намуда бошад, пас дар ШМА ин нишондиҳанда 51000 долларро ташкил дод. Бо нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ 4950 доллар солҳои 1990-1991 Федератсияи Россия аз ҷои 30-юм ба ҷои 6-ум баромад.
Панҷ соли охири асри XX дар ҷаҳон тамоми давлатҳо ба муайян намудани қобилияти харидории ММД шурӯъ намуданд. Ин нишондиҳанда дар асоси тақсими ҳаҷми солонаи ММД ба ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ дар як сол муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё