Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар миқёси ҷаҳон нишондиҳандаи ММД аслан тамоил ба афзоиш дорад, вале соли 1999 нисбат ба соли 1996 1,8 триллион кам шудааст. Масалан, агар ҳаҷми ММД дар миқёси ҷаҳон соли 1994 - 23,6 триллион доллари ШМА-ро ташкил дода бошад, пас соли 1996 - 31,8 триллион, соли 1999 - 30,0 триллионро ташкил додааст.
Далелу рақамҳо нишон медиҳанд, ки бо ҳаҷми умумии ММД давлатҳои пешқадамтарини дунё ШМА (8,351.0 млрд. доллари ШМА) ҷойи аввал ва Япония (4,078.9 млрд. доллари ШМА) ҷойи дуюмро ишғол менамоянд. Дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳи таърихӣ ШМА ва Япония дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои пешқадамтарини илм пешрафти тамоми соҳаҳои истеҳсолоти мамлакатро таъмин намуда, ба яке аз давлатҳои пуркудратнотарини дунё табдил ёфтанд. Баъд аз Япония ҷадвали рейтингро бо ҳаҷми 2,079.2 млрд. доллари ШМА Германия, бо 1,427.2 млрд. - Франция, бо 1,338.1 млрд. - Британияи Кабир ва бо 1,136.0 млрд. - Италия ишғол менамоянд. Дар байни давлатҳои рӯ ба инкишоф суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ дар давлатҳои нави саноатӣ бо 742.2 млрд доллари ШМА - Бразилия, бо 428.8 млрд. - Мексика ва 119.5 млрд. доллар - Индонезия қарор доранд.
Дар байни давлатҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш қарордошта бо ҳаҷми 980.2 млрд. доллари ШМА Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сафи пеш меистад.
Баъд аз соли 1990 дар натиҷаи ҷаҳиши иқтисодии ДНС суръати афзоиши ММД дар тӯли солҳои 1989-1999 ба ҳисоби миёна дар як сол: дар Таиланд 8,9%, Малайзия 8,7%, Сингапур 7,5%, Индонезия 6,8%, Тайван 6,6%, ва Кореяи Ҷанубӣ 6,6% таъмин карда шуд.
Аммо аз истифодаи чунин тарзи соддаи муайянкунии ҳаҷми ММД солҳои охир аксарияти давлатҳо норозигии худро баён мекардагӣ шуданд. Бо дарназардошти ин соли 1999 дар асоси қарори Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барномаи махсус бо номи "Муқоисаи иқтисодиёти ҷаҳон" таҳия карда шуд. Барномаи нав бо истифодаи сохторҳои омори созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои омори миллии ҳар як давлат ва ташкилотҳои илмию техникӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё