Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Белоруссия, Таиланд, Колумбия, Урдун, Туркия, Тунис, Эквадор, Ямайка, Бразилия, Миср, Булғория, Россия. Федератсияи Россия дар натиҷаи ин гурӯҳбандӣ бо индекси 10000 доллари ШМА ҷои 70-ро ишғол намуд.
Ба гурӯҳи давлатҳои камтараққикарда, ки нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнати онҳо аз 10000 то 8000 долларро ташкил менамояд, 17 давлати дунё дохил карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаи сатҳи самаранокии хоҷагии халқ - ҳосилнокии меҳнат дар ҳаҷми 5300 доллари амрикоӣ ба гурӯҳи давлатҳои тараққинакардаи дунё, ки ба онҳо меъёри аз 8000 то 5000 доллари ШМА пешбинӣ шудааст, дохил карда шуд. Бояд қайд намоем, ки дар қатори Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин давлатҳо, ба монандӣ Ӯзбекистон, Индонезия, Покистон ва ҳатто Хитои бузург дохил карда шудаанд.
Мувофиқи ин гурӯҳбандӣ ҷадвали дар боло додашударо бо нишондиҳандаи аз 5000 то 1000 доллари ШМА давлатҳои қафомондатарин ҷамъбаст менамоянд. Аммо пешрафти иқтисодии шумораи давлатҳои зиёде, ки ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд, дар асл бузургӣ ва пурқудрат будани аксарияти ин давлатҳоро таҷассум карда наметавонад. Масалан, Ҳиндустон ва Ветнам бо тараққиёти босуръати иқтисодии худ солҳои охир тамоми оламиёнро ба ҳайрат оварданд.
Аммо бояд қайд кард, ки олимони иқтисодшинос баъд аз гурӯҳбандиҳои зиёд ба хулосае омаданд, ки тақсимоти давлатҳои ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат тавоноии иқтисодии давлатҳои зиёди ҷаҳонро паст зада, дар асл бузургӣ ва қудратнокии онҳоро нишон дода наметавонад.
Масалан, Федератсияи Россия, ки бо садҳо нишондиҳандаҳои алоҳидаи иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол намуда, аз фазои кайҳон ҷаҳонро назорат мекунад, ба гурӯҳи давлатҳои дорои дараҷаи миёнаи тараққиёт дохил карда шудааст.
Нуқсонҳои гурӯҳбандии давлатҳои ҷаҳон вобаста ба ҳосилнокии меҳнат, дар гурӯҳи давлатҳои тараққинакардаи ҷаҳон баръало мушоҳида карда мешавад. Албатта, ба ин гурӯҳ дохил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё