Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

то 40000 доллари ШМА (ба таври камшаванда) Швейтсария, Люксембург, Канада, Белгия, Шветсия, Дания, Нидерландия, Япония, Австралия, Франция, Норвегия, Баҳрайн дохил мешаванд. Ин давлатҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ ба давлатҳои тараққикардатарини ҷаҳон дохил намудем. Бояд қайд кард, ки ҷазираи Баҳрайни дар Халиҷи Форс ҷойгирбуда бо сабаби дорои саноати пуриқтидори коркарди нафт буданаш низ ба ин гурӯҳи давлатҳо дохил карда шудааст.

Ба давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон, ки нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнати онҳо аз 40000 то 20000 долларро ташкил менамоянд, мувофиқи ҷадвали додашуда Британияи Кабир, Италия, Австрия, Германия, Финляндия, Зеландияи Нав дохил карда мешаванд. Дар баробари давлатҳои тараққинамудаи дунё (Германия, Италия, Австрия, Финляндия ва Зеландияи Нав) мо дар ин гурӯҳбандӣ як қатор давлатҳои нави Европа (Исландия, Ирландия, Испания, Португалия) ва давлатҳои нафтистеҳсолкунандаи ҷаҳон - АМА, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Бруней, Либия, Исроил, Венесуэла, Сингапур, Гонконг, Ҷумҳурии Кореяро - чун давлатҳои нави индустриалӣ, ки даҳсолаҳои охир ҷаҳиши иқтисодӣ намуданд, дохил кардем. Давлати Пуэрто-Рико бошад, бо нишондиҳандаи 37000 доллари муваффақшудаи худ албатта, пеш аз ҳама, аз ҳамкории иқтисодӣ бо ШМА вобастагӣ дорад.

Кулли давлатҳои боқимондаро мувофиқи ин ҷадвал мо метавонистем ба гурӯҳи давлатҳои камтараққикарда дохил намоем, аммо таҳлил нишон дод, ки чунин гурӯҳбандӣ нисбат ба баъзе давлатҳои дар асл тавонои дунё, ки шумораи аҳолии зиёди онҳо ба нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат таъсири манфӣ мерасонад, номуносиб буд, бинобар ин давлатҳои боқимонда ба гурӯҳи давлатҳои тараққиёти миёна бадастоврда, ки нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнати бадастоврдаи онҳо аз 20000 то 10000 долларро ташкил медиҳад, дохил карда шудаанд - Юнон, Уругвай, Словения, Тайван, Аргентина, ҶАҶ, Чили, Чехия, Мексика, Малайзия, Уммон, Венгрия, Эстония, Ботсвана, Латвия, Тринидад ва Тобаго, Габон, Коста-Рика, Хорватия, Полша, Панама, Алҷазоир, Литва, Словакия,

пешина
аз 785
навбатӣ