Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Тоҷикистон маҳсулоти саноати сабук ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда мешуд.

Муносибатҳои дипломатии бевоситаи Тоҷикистону Ветнам моҳи июни соли 1992 барқарор гардиданд.

Сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон Э.Раҳмонов ба Ветнам моҳи июли соли 1999 дар муносибатҳои ин ду кишвар саҳифаи нав кушод. Дар ҷараёни ин сафар дар сатҳи ҳукуматӣ якчанд созишномаҳо аз ҷумла, оид ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо ва оид ба ҳамкории техникию илмӣ ба имзо расиданд. Ин ҳуҷҷатҳо заминаи меъёрию ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои ду кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар заминаи созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорони ветнамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат гирифт.

Соли 1999 дар ҷумҳурӣ се корхонаи муштарак таъсис дода шуд.
Корхонаи муштараки "ВТ Сил", ки сармояи оинномавиаш 2 млрд рубли тоҷикиро ташкил медод, байни корхонаи навъи кушодаи абрешим ва Хиёп Шан Ко ТД таъсис дода шуд, ки ба истеҳсоли абрешим машғул аст. Корхонаи муштараки "ВТ Инвест", ки ҳиссаи сармояи ветнамӣ дар он 1,7 млн. доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, дар ноҳияи Бешкент 3 ҳазор гектарро ба иҷора гирифта, ба парвариши пахта машғул аст. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам "ВТИ - Помир" соли 1998 таъсис дода шуд, ки дар ВМКБ фаъолият дорад ва дар маблағгузории кони ангишти Ровнов иштирок мекунад. Бояд таъкид намуд, ки имзои Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба фаъол гардидани тиҷорати байни ду кишвар мусоидат намуд.

Ҳамин тариқ, муомилоти савдои хориҷии байни ду кишвар сол аз сол меафзояд. Агар муомилоти савдои хориҷии байни Тоҷикистону Ветнам соли 1999 - 2481 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда танҳо дар шаш моҳи соли 2000 - 1146,2 доллари ШМА-ро ташкил намуд.

пешина
аз 785
навбатӣ