Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ғакуч - шаҳри Гилгит - шаҳри Қарочӣ пайваст мешавад. ки масофаи умумии он 3460 километрро ташкил мекунад.
- Бо истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма (сарҳади Тоҷикистон бо Хитой) - ба шоҳроҳи амалкунандаи стратегии Қарақорум - ағбаи Хунчироб (сарҳади Хитой бо Покистон)-Гилгит - Ҳасанабдул-Қарочӣ мепайванданд, ки масофаи умумии он 3585 километрро ташкил менамояд.
Бо сохта шудани ин роҳҳои бузург давлати Покистон шароити беҳтарини барқарор кардани робитаҳои иқтисодии хориҷии худро бо кулли давлатҳои Осиёи Миёна пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои бародари Осиёи Марказӣ бо истифодаи харҷи ками ин роҳҳо моли худро ба Хитой, Покистон, Ҳиндустон содир намоянд.
Ба нақша гирифтан ва бо суръат сохта ба истифода додани ин ду роҳи бузурги дорои аҳамияти давлатӣ аз тариқи кӯҳҳои азими Тоҷикистон ва Покистон албатта, сабабҳои хоси худро доранд. Пеш аз ҳама нооромии вазъи сиёсии Афғонистон, ҷангҳои тӯлонии пай дар пай, ки зиёда аз 23 сол дар ин кишвар идома дошта, таъсири манфии худро ба пешрафти иқтисодиёти давлатҳои ҳамсоя низ мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор