Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

давлати Афғонистон гузашта то Қарочӣ мерасад, ҳамагӣ 2400 км хоҳад буд.

Дар охири сафар Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, омодагии худро барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн.
доллари амрикоӣ расондани кӯмакҳои башардӯстона изҳор кард.

Албатта. Ҳукумати Покистон дар баробари мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ дар асоси наздикии худ бо кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир барои таъмини амният ва бехатарӣ дар ин минтақа мароқ зоҳир менамуд.

Роҳбарияти Покистон ба нооромиҳое, ки дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон рух медоданд, таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст.

Бояд таъкид кард, ки Покистон ҳамчун яке аз давлатҳои асосии бунёдгузори ЭКО борҳо вохӯриҳои роҳбарони давлатҳои аъзои ЭКО-ро дар шаҳри Исломобод ташкил намудааст.

Моҳи июни соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар саммити ЭКО бори дуюм баъд аз иштирок дар кори саммити сарварони кулли давлатҳои дунё дар Копенгаген ба Исломобод омад. Солҳои 1994-1996 якчанд гурӯҳҳои ҳукуматии ин ду кишвар мулоқотҳо анҷом додаанд. Мувофиқи гуфтушунидҳои пешина (1994) моҳи августи соли 1995 гурӯҳи калони мутахассисони покистонӣ бо сарварии директори сарраёсати банакшагирии роҳҳои миллии Покистон Офтоб Аҳмад Сиддиқӣ вориди Душанбе гардид.

Дар натиҷаи тадқиқоти роҳҳои мавҷуда ва нақшаҳои бунёди роҳҳои наве, ки Тоҷикистонро бо Покистон пайваст менамояд.
тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Тарафҳо дар асоси протоколи гуфтушунид ду роҳи автомобилгардеро, ки самтҳои махсуси худро доранд, пешбинӣ намуданд:

  1. Бо истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-
    Қалъаихумб-Хоруғ-Лангар ин роҳ аз ҳудуди давлати Афғонистон
    гузашта, тавассути гузаргоҳи Вахон ва ағбаи Борогил ба шаҳри
    Мастуҷ - роҳи амалкунандаи Ласпур-ағбаи Шандур - шаҳри Гуписшаҳри
пешина
аз 785
навбатӣ