Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳукумати Муҳаммад Айюбхон дар баробари таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ, инчунин ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати вазнин ва сабук, нақлиёт, чорводорӣю паррандапарварӣ, соҳаи ҷангал ва дигар соҳаҳо эътибори зиёде медод.

Соли 1962 баъд аз мӯътадил шудани вазъи мамлакат Муҳаммад Айюбхон ҷараёни демократикунонии мамлакатро низ пеш гирифт. То июли ҳамин сол қонун дар бораи озодона фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ ҷорӣ карда шуд. Ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳизбҳои "Лигаи мусулмонон", "Лигаи халқӣ", "Ҳизби миллии халқӣ", "Ҷамъияти исломӣ", "Низоми ислом" аз тарафи сохторҳои маъмурии давлат ба қайд гирифта шуданд.

Бозсозиҳои иқтисодӣ ва амалӣ гардидани принсипҳои демократии Муҳаммад Айюбхонро ба назар гирифта, дар райпурсии умумӣ, ки 2 январи соли 1965 доир гардид, Муҳаммад Айюбхон Президент интихоб шуд.

Соли 1967 таҳти сарварии Зулфиқор Али Бҳутто "Ҳизби халқии Покистон" таъсис гардид, ки он дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳимеро бозид.

Охирҳои соли 1968 ва аввали соли 1969 вазъи дохилии кишвар тезу тунд гардида, коршиканию гирдиҳамоиҳо хеле афзуд. Ҳалли худро наёфтани бисёр масъалаҳои рӯзмарра Муҳаммад Айюбхонро маҷбур сохт, ки аз мансаб даст кашида, вазифаи худро ба роҳбарияти артиши кишвар, ба сарфармондеҳи кулли қувваҳо генерал Муҳаммад Яҳёхон супорад. Бо вуҷуди дар кишвар вазъи низомӣ ҷорӣ шуданаш, муборизаҳои сиёсии ҳизбҳои амалкунанда рӯз аз рӯз тезутунд мешуданд.

Моҳи декабри соли 1970 дар таърихи Покистон нахустин интихоботи умумии озод доир гардид, ки дар он ҳизби "Лигаи халқӣ"
пирӯз гардид ва ҳокимиятро сарвари он Зулфиқор Али Бҳутто ба даст гирифт.

Ҳукумати Зулфиқор Али Бҳутто як силсила дигаргунсозиҳои
иҷтимоию иқтисодӣ гузаронид, ки мувофиқи он нақши давлат дар
бахши иқтисодиёт пурзӯр гардид, корхонаҳои саноати вазнин,

пешина
аз 785
навбатӣ