Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

фурӯхта мешавад. 16 дона тухм тахминан як килограммро ташкил медиҳад. Арзиши як килограмм тухме, ки ба аҳолӣ фурӯхта мешавад, 400 туман ё 0,47 центи америкоиро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз дар амал татбиқ намудани қарорҳои дар доираи барномаҳои панҷсолаи якум ва дуюми тараққиёти иқтисодиёти Эрон қабулшуда ба истифодаи сармояи давлатҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. То ин дам албатта дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ маҳдудиятҳои зиёде буданд, аз ҷумла, баъд аз инқилоб якбора такя ба сармояи хориҷӣ намудан тамоман мумкин набуд. Ширкатҳои то инқилоб амалкунанда дар шуури миллатҳои Эрон тасаввуроти бад ба мерос гузошта буданд. Ҳама чунин рафторро нодуруст меҳисобиданд, худи сармоядорони хориҷӣ аз ҳодисаҳои солҳои аввали баъди инқилоб рӯйдода - мусодираи молу мулки шахсӣ, таъқиб, террор ва куштор метарсиданд вориди ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон шаванд.

Натиҷаи даҳсолаи аввали баъди инқилоб ба ҷаҳониён нишон дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сиёсати пешгирифтаи пул барнагашта, сиёсати ҷалби сармояи хориҷиро пеш мегирад. Дар сиёсати ҷалби сармояи хориҷӣ Ҳукумати Эрон манбаи иловагии вусъат бахшидани робитаҳои иқтисодӣ, сарчашмаи дарёфти сармояи молиявӣ ва заминаи ба даст овардани технологияи ҳозиразамонро медид. Аз ин нуқтаи назар Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон вазъи мӯътадилгаштаи кишвари худ, имкониятҳои мавҷудаи мамлакат, аз ҷумла захираҳои азими канданиҳои фоиданок, нафт, гази табиӣ, бозори азими дохилии мамлакат, қувваи арзони барқ, қувваи арзони корӣ, фаровонии обро ба назар гирифта, барои боз ҳам ҳавасманд кардани сармоягузорони хориҷӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ намуд.

Мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳифзи сармояи хориҷӣ, корхонаҳои муштараке, ки лоиҳаи сармоягузории онҳо зиёда аз 6 сол давом кунад, пурра аз пардохти андоз озод карда мешаванд. Ва агар лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷойҳои ноободи дур аз шаҳр амалӣ шаванд, мӯҳлати имтиёзи несупоридани андоз боз ба 3 сол зиёд карда мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ