Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бодом. Нахӯд ва тарбуз — мақоми чорум, фундук ва лимӯ мақоми панҷумро ишғол мекунад. Дар Эрон ба истеҳсоли ғалла низ эътибори махсус дода мешавад. Дар натиҷаи бараҳмонии заминҳои бекорхобида дар тӯли 20 соли охир истеҳсоли гандум ду маротиба зиёд карда шуда, дар як сол то ба 11 млн. тонна расонида шуд. Бо вуҷуди ин барои бо нон пурра таъмин намудани аҳолӣ, қисми муайяни ғалла аз хориҷ (Канада, Австралия) ворид карда мешавад.
Дар тӯли даҳ соли охир бо ёфтани роҳҳои истифодаи заминҳои лалмикор ва наздибаҳрӣ тамоми водии Рашт ва шимоли Теҳрон ба маркази истеҳсоли биринҷ табдил дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи биринҷ аз 1,9 млн. тонна дар соли 1978 то ба 3 млн. тонна дар соли 2000 расонида шуд. Соҳаи кишоварзии Эрон таҷрибаи бои истеҳсоли пахтаро низ дорад. Кишоварзони Эрон дар баробари таъмини сифати баланди пахта, ба гирифтани ҳосили зиёд муваффақ шудаанд. Аммо бояд қайд намоем, ки солҳои зиёд аст, ки соҳаи кишоварзии Эрон аз истеҳсоли пахтаи зиёд даст кашидааст. Ҳаҷми истеҳсоли пахта танҳо ба мақсади таъмини саноати ватанӣ пешбинӣ шудааст. Имрӯзҳо дар як сол ҳамагӣ 500-600 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад. Воридот ва содироти пахта мувофиқи қарори ҳукумат бо сабаби таъмини экологияи соҳаи кишоварзӣ манъ аст. Солҳои охир дар баробари номгӯи зиёди маҳсулоти полизӣ ширкатҳои махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба содироти мева (себ, анор, хурмо, ангур, олу, гелос) шурӯъ намуданд.
Мева ва сабзавоти содиротӣ бо маҳлули махсусе, ки дар Эрон кашф шудааст, олуда карда мешавад, ки он мева ва сабзавотро аз зуд вайрон шудан эмин медорад. Умуман бояд қайд намоем, ки маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба усули махсуси истеҳсол дуру дароз нигоҳ дошта шуда, сифати баланди худро гум намекунад. Бо вуҷуди таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ аз хориҷ ғалла (Канада, Австралия ва давлатҳои Аврупо), биринҷ (Покистону Ҳиндустон), шакар (Куба, давлатҳои Аврупо) ворид карда мешавад.
Умуман муваффақиятҳои бадастовардаи соҳаи кишоварзӣ имрӯз як мактаби бузурги омӯзиш ба шумор рафта, барои пешрафти соҳаи

пешина
аз 785
навбатӣ