Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

§14.5. ҲИНДУСТОН

Ҳиндустон дар қисмати ҷанубии Осиё ҷойгир шуда, яке аз давлатҳои калонтарини дунё ба шумор меравад. Ҳудуди давлати Ҳиндустон 3287590 км мураббаъ буда, 2,4%-и ҳудуди сайёраи Заминро ташкил мекунад ва 16,7%-и аҳолии ҷаҳон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2001 шумораи аҳолии Ҳиндустон ба 1 млрд. нафар расидааст. Ҳиндустон баъд аз Хитой дуюмин давлати ҷаҳон аст, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ калонтарин мебошад. Афзоиши солонаи аҳолӣ 2,9%-ро ташкил медиҳад.

Давлати Ҳиндустон бо 8 кишвари дунё, аз ҷумла дар шимол бо Хитой, Непал ва Бутон, аз шимолу ғарб бо Афғонистон ва Покистон ва аз тарафи Шарқ бошад, бо Мянма ва Бангладеш ҳамсарҳад аст. Гулугоҳи Полк ва халиҷи Маннар канори борики ҷанубии мамлакатро аз ҷазираи Шри-Ланка ҷудо мекунанд. Соҳилҳои давлати Ҳиндустонро баҳри Араб ва Халиҷи Бангола, аз ҷануб бошад, Уқёнуси Ҳинд иҳота кардаанд. Чунин ҷойгиршавии мамлакат аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хеле мувофиқ буда, ба Ҳиндустон баҳри тараққиёти роҳҳои баҳрӣ ва роҳҳои хушкигард шароити мусоид фароҳам оварда, робитаҳои иқтисодии онро бо давлатҳои Осиё, Европои Шарқӣ осон мегардонад.

Ҳиндустон яке аз давлатҳои сермиллати дунё ба шумор рафта, бо фарҳанг, дин ва урфу одатҳои гуногун дар миқёси ҷаҳон хеле машҳур аст.

Миллатҳои гуногуни Ҳиндустон аз қадимулайём бо сабабҳои таърихӣ ин ва ё он ҷараёни диниро интихоб карда, ба он пайравӣ ва онро эҳтиром мекунанд. 82%-и аҳолии Ҳиндустон пайрави дини ҳиндуия (мазҳаби ҳукмрон, ки ба брахманизм ва буддизм асос ёфтааст), 12,2%-и аҳолӣ дини ислом, 2,34% дини насронӣ, 1,94% дини сикхи, 0,76% дини буддой ва 0,4% дини чайнӣ мебошад.

Дар Ҳиндустон бо вуҷуди забонҳои гуногуни зиёд доштанаш, забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ қабул шудаанд. Бо сабаби аз ҳад зиёд будани тоифаҳои гуногуни аҳолии

пешина
аз 785
навбатӣ