Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
16 автобуси замонавии мусофиркаш туҳфа кард, ки онҳо дар хизмати сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа мебошанд.
Дар ҷараёни сафари намояндагони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1999 созишномаи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба имзо расид. Барои татбиқи ин созишнома Ҳукумати Хитой ба нақша гирифтааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 10 млн. юан кӯмаки беғаразона расонад. Мувофиқи дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маблағ низ барои харидани автобусҳо равона карда мешавад.
Робитаҳои фарҳангӣ, илмию техникии байни кишвари Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ босуръат вусъат ёфта истодааст. Дар асоси созишномаи оид ба ҳамкории фарҳангӣ, илмию техникӣ Ҳукумати Хитой ҳар сол барои дохил шудан ба донишкадаҳои олии Хитой ба якчанд шаҳрванди Тоҷикистон квота ҷудо мекунад. Ҳоло зиёда аз 12 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии Пекин, Нанкин ва Шанхай таҳсили илм доранд. Дар солҳои охир семинарҳо, симпозиумҳо ва конфренсияҳо зиёд доир карда мешаванд. Дар давоми солҳои 1993-2000 чандин сафарҳои дуҷонибаи ҳайатҳои олимон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, тоҷирон, варзишгарон доир гаштанд.
Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Урумчӣ рӯзҳои санъат ва маданияти Тоҷикистон гузаронда шуд, ки он дар хотири мардуми ин шаҳр нақш бастааст. Миллатҳои мухталифи шаҳри Урумчӣ, аз ҷумла тоҷикон, узбекҳо, уйғурҳо аз санъати бо онҳо наздики тоҷикон ба ваҷд омаданд. Иттилооти зиёд дар бораи санъати ҳунармандони тоҷик дар рӯзномаҳои Пекин, Урумчӣ боиси пайдо кардани ҳаводорони зиёд гардиданд. Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2001 гузаронидани рӯзҳои санъати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Пекин ва Ситсикарӣ ва рӯзҳои санъати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор