Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
муштарак - "Тоҷик-Л", "Корвон ЛТД", "Корхонаи тамокуи шаҳри Душанбе", корхонаи "Ришта", намояндагии корпоратсияи "Хай Юй", шӯъбаи ширкати муштараки "Рокит интернешнл Компани" ва инчунин корхонаҳои "Хетян Нункен" ва "Шун Да", ки пурра бо маблағи сармоягузорони хитоӣ бунёд шудаанд, замина гузошт.
Бояд таъкид кард, ки дар байни корхонаҳои номбурда корхонаи муштараки "Ришта" ва корхонаи тамокубарории шаҳри Душанбе мақоми хоса доранд.
Корхонаи муштараки "Ришта" соли 1997 барои коркарди пахта бунёд карда шудааст. Ин корхона барои ҳар сол 4 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол кардан қудрат дорад ва барои 750 кас ҷойи кор муҳайё мекунад. Натиҷаҳои хуби ин корхонаро ба назар гирифта, ҳар ду тараф ба хулосае омаданд, ки ба сохтмони навбати дуюми корхонаи бофандагии "Ришта" шурӯъ кунанд, ки он ба афзоиши ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромади зиёди асъори хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Нақшаҳои созишномаи таҷдиди корхонаи тамокуи шаҳри Душанбе, ки соли 1997 байни ширкати ҳамкории байналмилалии вилояти Синсзян ба имзо расида буд, пурра амалӣ шуда истодаанд. Ширкати номбурда ба корхонаи муштараки тамокуи Душанбе барои харидани таҷҳизоти ҳозиразамон 50 млн. юан ҷудо кард. Қисми зиёди ин таҷҳизот аллакай ба корхона ворид карда шудааст.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти ин ду корхонаи номбурда ба истеҳсоли молҳои ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ равона карда шудааст. Имрӯзҳо қариб 90 фоизи маҳсулоти корхонаи "Ришта" ба хориҷаи дуру наздик содир карда мешавад.
Ба маҳсулоти корхонаи тамокуи шаҳри Душанбе бошад, чӣ дар бозори дохилии ҷумҳурӣ ва чӣ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва Россия талабот хеле зиёд аст.
Дар баробари бунёди корхонаҳои муштарак солҳои охир робитаҳои бевосираи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба роҳ монда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор