Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

созишномаҳои ҷубронӣ (баъд аз иҷро шудани кор маблағи сарфшуда бо фоизи иловаи дар созишнома имзошуда баргардонда мешавад) маънидод мекунанд.

Солҳои аввали татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷорӣ кардани сиёсати иқтисодии озоди сармояи бевоситаи хориҷӣ, асосан барои вусъат додани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, яъне банақшагирии шаҳрҳо, сохмони отелҳо, бунёди майдони ҳавой, сохмони роҳҳои автомобилгард, сохтани кӯлҳо, майдончаҳои спортӣ, барохмонии алоқа, телевизион, сохмонии биноҳо, сервиз ва хадамот, мағозаю тарабхонаҳо ва монандӣ инҳо равона карда мешуданд.

Дар асл сармоягузорӣ дар соҳаҳои ғайриистеҳсолии номбурда, нисбат ба соҳаҳои истеҳсолӣ даромади доимии устувор доштанаш, хоҳишмандони зиёдеро дорад ва барои ғолибӣ дар тендерҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва заминаи моддӣ-техникии ширкатҳои иштироккунанда нақши муҳим мебозад.

Баъд аз омода сохтани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ дар асоси нақшаи тасдиқшудаи шаҳр дар қисмати муайяни он сохмони корхонаҳои истеҳсолӣ сар мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ дар кӯшиши онанд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бештар ба сохмони корхонаҳои истеҳсолиеро шурӯъ намоянд, ки маҳсулоти онҳо дар баробари талаботи зиёд доштанаш умуман дар ин мамлакат истеҳсол нашуда бошад.

Бояд қайд кард, ки тамоми корхонаҳо дар минтақаи озоди иқтисодии Хитой дар асоси ҳамин принсип бунёд гаштаанд.

Таҷрибаи Хитой нишон дод, ки корхонаҳои муштарак, ки бо иштироки сармояи хориҷӣ бунёд гаштаанд, аз корхонаҳои дигар бо ҳосилнокии баланди меҳнат ва интизоми қатъӣ доштанашон фарқ мекунанд. Дар натиҷа дар корхонаҳои давлатӣ низ ташкили хуби меҳнат, ҳосилнокии баланди он якбора 5-6 маротиба зиёд шуд.

Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, сабаби босуръат зиёдшавии ҳаҷми содироти мол мегардад. Ҳиссаи корхонаҳои муштарак дар ҳаҷми умумии содироти мамлакат дар соли 1989 - 15%, 1992 - 19,8%, 1996 - 25,2%, 2000 - 27%-ро ташкил намуд. Чунин пешрафти истеҳсолоти корхонаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ