Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Гонконг бо суръати ниҳоят тез инкишоф меёфт. Ҳиссаи Гонконг дар маҷмӯи савдои хориҷии Хитой, соли 1980 14%, соли 1995 - 32%, дар соли охири якҷояшавии онҳо бошад, зиёда аз 50%-ро ташкил кард. Сарзамини Гонконг ва ширкатҳои хориҷии ширкатҳои онро Ҳукумати Хитой барои минбаъд ба ШМА, давлатҳои Европаи Ғарбӣ ва Япония фиристодани молҳои истеҳсоли Хитой ҳамчун як анбори бузург истифода мебурд. Албатта, ба чунин комёбиҳо ноил шудани Хитойро бе кӯмак ва дастгирии давлатҳои абарқудрати дунё, бе сармоягузориҳои хориҷӣ тасаввур кардан мумкин нест. Ҳукумати Хитой ба мақсади тезонидани ҷараёни пешрафти иқтисодии мамлакат, ба ҷалб кардани сармояи хориҷӣ эътибори махсус медод. Талаботи сармоягузории хориҷиро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Халқии Хитой дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ даҳҳо минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, шаҳрҳои махсуси озоди наздибаҳрӣ, минтақаҳои озодии иқтисодии наздибаҳрӣ, минтақаҳои беандоз бунёд карданд, ки сохтори идора ва мақомоти маъмурии онҳо аз сохтори давлатҳои пешқадамтарини дунё ва марказҳои тиҷоратии навбунёди нимаи дуюми асри XX ҳеҷ фарқ намекарданд. Солҳои аввал роҳбарияти ин минтақаҳо барои ба меҳмонон муҳайё кардани шароитҳои зарурӣ (майдонҳои ҳавоии замонавӣ, роҳҳои беҳтарин, отелҳои дараҷаи баланд, системаи телекоммуникатсия), ҷалби намояндагони бонкҳои машҳури ҷаҳон, қонун дар бораи ҳифзи сармоягузории хориҷӣ, усул ва шароитҳои нисбат ба дигар давлатҳои тараққикардаи дунё ҳавасманд намудани сармоядорон лоиҳа ва тендерҳоро дар барномаҳои ҷаҳонӣ паҳш намуданд. Дере нагузашта, олами капиталистӣ аз мақсадҳои солимфикри Ҳукумати Хитой пай бурда, ба аз нав бунёд кардани ин сарзамин шурӯъ кард.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аз соли 1979 то оғози соли 1991 ба Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 200 млрд. доллари америкои сармоя ворид шудааст.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ охирҳои соли 1991 муносибати сармоягузорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой тамоман тағйир ёфт. Онҳо хуб дарк карданд, ки бо саршавии бозсозии иқтисодӣ дар Федерацияи Россия ва кишварҳои навбунёди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор