Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

асбобҳои биноии шаб, яроқҳои ба ҳарорати гармии бадан муайянкунандаи душман дар ҷаҳон ба худ ҳамто надорад ва мувофиқи пешгӯии мутахассисон то соли 2005 харидоронро ба худ ҷалб менамояд.

Аз солҳои 1994-95 сар карда дар Федерасияи Россия ҳаҷми воридоти мол бо сабабҳои гуногун рӯ ба пастравӣ ниҳод. Ворид намудани андоз аз арзиши изофа, андозҳои нисбатан баланди воридотии маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва рӯз аз рӯз паст шудани қурби рубли Федерасияи Россия нисбат ба доллари ШМА боиси кам шудани ҳаҷми воридоти мол мегардид.

Аз тарафи дигар, дар натиҷаи истифодаи захираҳои дохилӣ, аз ҳисоби буҷети федералӣ харидани маводи ғизоӣ ҳаҷми воридоти мол сол аз сол кам мешуд.

Аз ҳаҷми умумии содирот ва воридоти Федерасияи Россия 67%-и содирот ва 70%-и воридот ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, 12%-и содирот ва 5%-и воридот ба давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, 13%-и содирот ва 13%-и воридот ба давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон рост меояд.

Федерасияи Россия бо тамоми давлатҳои дунё доду гирифт мекунад. Дар асоси сиёсати хориҷии бароҳмонда Федерасияи Россия дар тиҷорати байналмилалии худ ба ягон давлати дунё сиёсати маҳдуд намудани содирот ва воридоти ин ва ё он намуди молро ҷорӣ накардааст.

Ҳаҷми асосии савдои хориҷии Россияро тиҷорат бо Германия, ШМА, Британияи Кабир, Хитой, Италия, Япония, Швейтсария, Финляндия, Нидерландия, Франция, Венгрия, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия, Полша, Австрия, Белгия, Туркия ташкил медиҳад.

Тамоми давлатҳои дунё дар шаҳри Москва дар баробари сафоратхонаҳои худ, инчунин намояндагиҳои тиҷоратию иқтисодии худро таъсис намудаанд.

Албатта бо захираҳои бузурги табиӣ, бо маҷмӯи молҳои зиёди содиротӣ Федерасияи Россия қудрати даҳчанд зиёд намудани ҳаҷми содироти молҳои худро дорад. Аммо ҷаҳони капиталистӣ бо вуҷуди

пешина
аз 785
навбатӣ