Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба бисёр давлатҳои дунё таъмини фаъолияти ин комплекс дар асоси истифодаи сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза - оби дарёҳо ва гази табиӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истифодаи ангиштсанг дар маҷмӯи қувваи истеҳсолшудаи барқ ҳамагӣ 14%-ро ташкил менамояд. Ин нишондиҳанда дар Британияи Кабир 32%, Германия 27%, Япония 18%-ро ташкил мекунад.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз байн рафтани системаи ягонаи истеҳсол ва истифодаи қувваи барқ таъсири сахти худро ба ин соҳаи муҳим низ расонид. Россия дар панҷсолаи аввали баъди истиқлолият ба бӯҳрони иқтисодии сӯзишворию энергетикӣ дучор шуд. Якбора вазъият дар соҳаҳои истеҳсоли нафт, гази табиӣ ва барқ хеле душвор шуд. Истеҳсоли қувваи барқ аз 1057 млрд. кВт/соат дар соли 1995 ба 846 млрд. кВт/соат паст фаромад, ки дар натиҷа ҳиссаи Федерацияи Россия дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳонӣ аз 8,2% ба 7,6% паст фаромад. Дар баробари аз байн рафтани системаи ягонаи барқӣ боиси кам шудани ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ, кам шудани талабот ба он (баста шудани корхонаҳои истеҳсолӣ) ва фарсудашавии дастгоҳҳои барқистеҳсолкунанда гардид. 4%-и иншоотҳои барқӣ бо дастгоҳҳои кӯҳна кор мекарданд, 15%-и онҳо бошад, ба категорияи дастгоҳҳои истифодаашон хатарнок дохил мешуданд.

Дар Федерасияи Россия 70%-и қувваи барқ дар марказҳои барқии истеҳсоли гармӣ, 20%-и он дар иншоотҳои барқии обӣ истеҳсол мегардад. Аз рӯи ҳисоби мо 10%-и боқимондаи барқ дар нерӯгоҳҳои барқии атомӣ истеҳсол карда мешавад. Россия бо бунёди аввалин дар ҷаҳон иншооти барқии атомӣ дар соли 1954 ҷаҳони капиталистӣ, алалхусус ШМА-ро дар ҳайрат монда буд. Ҳатто олимони соҳаи атоми ШМА, ки аввалин маҳсули меҳнати онҳо соли 1945 дар ҷазираҳои Нагасаки ва Хиросимои Япония татбиқ шуда буд, аз чунин пешрафти илмии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайрат буданд. Имрӯзҳо дар ҳудуди Федерасияи Россия 29 блоки атомӣ фаъолият мекунанд.

Соли 2001 Сарвазири Федерасияи Россия дар ҷараёни сафари расмии худ ба Хитой лоиҳаи аввалин иншооти барқии атомии асри XXI-ро пешниҳод намуд, ки он дар асоси истифодаи таҷҳизоти

пешина
аз 785
навбатӣ