Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аз хориҷа ғалла харидорӣ мешуд. То соли 1991 - 8191 тонна тилло фурӯхта шуд.

Дар давраи роҳбарии Л.И. Брежнев бошад, ба тилло ва сангҳои қиматбаҳою фулузоти ранга эътибори махсус дода мешуд. Дар ин солҳо хароҷоти инкишофи ин соҳа 1,2-1,4%-и ММД-ро ташкил медод. Дар солҳои 1955-75 ба ҳисоби миёна 250 тонна тилло, дар солҳои 1975-90 бошад, 273 тонна тилло истеҳсол карда мешуд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли тилло то соли 1990 баъд аз Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ (600 т) дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамуд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр минтақаҳои истихроҷи тилло берун аз ҳудуди Россия монданд.

Дар хазинаи давлат охири соли 1991 аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Федерацияи Россия ҳамагӣ 485 тонна тилло ба мерос монда буду халос. Соли 1993 бошад, захираи тиллои Россия ҳамагӣ 305 тонна ё 9,8 млн. унтсияро ташкил мекард, ки бо ин ҳаҷм дар ҷаҳон ҷои 17-умро ишғол менамуд.

Ҷадвали №37 Рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми захираи тилло (соли 2000), млн. унтсияи трой 1. ШМА 261,6 18. Белгия 8,3 2. Германия 111,5 19. Филиппин 7,2 3. Франсия 97,25 20. Шветсия 6,0 4. Италия 78,8 21. ҶАҶ 5,9 5. Шветсария 78,3 22. Алҷазоир 5,6 6. Нидерландия 29,3 23. Либия 4,7 7. Япония 24,6 24. Арабистони Саудӣ 4,6 8. Португалия 19,5 25. Юнон 4,3 9. Испания 16,9 26. Туркия 3,7 10. Британияи Кабир 15,7 27. Руминия 3,4 11. Хитой 12,7 28. Полша 3,3 12. Россия 12,5 29. Индонезия 3,1 13. Австрия 12,1 30. Австралия 2,6 14. Ҳиндустон 11,5 31. Миср 2,43 15. Венесуэла 10,6 32. Дания 2,1 16. Лубнон 9,2 ...
17. Белгия 8,3 147 Тоҷикистон 3,2

пешина
аз 785
навбатӣ