Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ленск ва ҳавзаҳои Шарқи Дур мавҷуданд, ки дар ҳолатҳои лозимӣ қисми муайяни кашфшудаи онҳо пурра ба истифода дода мешавад.

Аммо даҳсолаҳои охири асри XX бинобар ҷудо нашудани маблағҳои лозима, суст шудани роҳбарии сохтори идораи соҳа, ба сӯзишвории нафтӣ ва газӣ рақобат карда натавонистан, истифодаи дастгоҳҳо ва таҷҳизоти кӯҳна, аз байн рафтани системаи ҳавасмандгардонии коргарон сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг кам шуда истодааст. Масалан, соли 1988 - 425 млн. тонна, соли 1990 - 356 млн. тонна, соли 1996 - 260 млн. тонна ангиштсанг истеҳсол шуда бошад, соли 1999 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 232 млн. тоннаро ташкил намуд. Кам шудани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар солҳои 2000-2001 мардуми минтақаи Сибир (шаҳрҳои Владивосток, Камчатка, Сахалин ва дигар шаҳру районҳои Россия)-ро ба проблемаҳои зиёди рӯ ба рӯ намуд.

Дар аввали соли 2001 дар Федератсияи Россия 210 корхонаи истеҳсоли ангиштсанг амал менамуд, ки 143-тои он бинобар ба меъёрҳои оддии техникӣ ҷавобгӯ набудан бояд баста мешуд. Дар баробари ин Федератсияи Россия ҳавзаҳое низ дорад, ки аз ҷиҳати сифати ангиштсанги худ аз ангиштсанги австралиягӣ ягон фарқ надоранд. Ангишти ҳавзаи Кузбасси Федератсияи Россия аз ҷиҳати сифати худ бо ангиштсанги Австралия, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва ШМА рақобат карда метавонад.

Нафт. Нафт - муҳимтарин ва заруртарин кандании фоиданоки оғози асри XXI мебошад. Аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои нафт Федератсияи Россия (6650 млн. тонна) баъд аз Арабистони Саудӣ (35500 млн. тонна), Ироқ (15372 млн. тонна), Кувайт (12880 млн. тонна), Ҷумҳурии Исломии Эрон (12700 млн. тонна), Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (12600 млн. тонна) ҷои шашумро ишғол менамояд.

Далели мавҷуд будани захираҳои азими нафт дар он аст, ки ҳар сол дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ ҳаҷми захираҳои нафт, агар 200 млн. тонна зиёд шавад, истеҳсоли он 300 млн. тонна зиёд шуда истодааст.

Аз нисф зиёди конҳои нафт дар Федератсияи Россия ба конҳои миёнаҳаҷм (дорои даҳҳо миллион тонна ҳар кадом) ва хурд

пешина
аз 785
навбатӣ