Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Солҳои 1980-ум дар минтақаҳои махсус бунёднамудаи давлатҳои нави саноатӣ фаъолияти қариб ҳамаи ширкатҳои машҳур ва шинохташудаи ҷаҳони капиталистӣ дида мешуд.

Агар то соли 1990 афзалияти пурраи ШМА дар қитъаи Америкаи Лотинӣ ва Япония дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шимолӣ баръало мушоҳида карда шуда бошад, пас даҳсолаҳои охири асри ХХ бо авҷгирии содироти сармояи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи Европа иштироки сармояи Япония дар қитъаи Америкаи Лотинӣ ва сармояи ШМА дар минтақаи Осиё якдигарро қувват дода, соҳаҳои бузурги истеҳсолиро тараққӣ медоданд. Ин, аз як тараф, маънои интернатсионализатсияи истеҳсолот ва сармояи ҷаҳони капиталистӣ, аз тарафи дигар бошад, маънои ҳамгироии давлатҳои нави саноатӣ бо хоҷагии ҷаҳониро дошт.

Аммо бояд зикр намуд, ки ҷамъбасти натиҷаҳои даҳсолаҳои ҳаштум (1990) ва панҷ соли даҳсолаи 9-уми модели интихобнамудаи саноати махсусгардонидашудаи содиротии давлатҳои Осиё, бо дарназардошти ҳавасмандгардонии пешрафти иқтисодӣ, аз моделҳои дигари тараққиёти давлатҳои ҷаҳон бартарӣ доштанашро баръало нишон дод.

Суръати баланди истеҳсолот дар давлатҳои Осиё боиси ба даст овардани дараҷаи баланди даромаднокӣ ба ҳар сари аҳолии ин минтақа гардид. Чунин тамоилро ба назар гирифта, олимони иқтисодшинос аввали соли 2000 вобаста ба сатҳи даромади бадастоварда ба ҳар сари аҳолӣ давлатҳои нави саноатиро ба чунин гурӯҳҳо тақсим намуданд:

• дараҷаи баланди даромаднокӣ (Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ) зиёда аз 9000 доллари ШМА дар як сол;

• дараҷаи миёнаи даромаднокӣ (Малайзия, Таиланд, Индонезия, Филиппин, Аргентина, Бразилия, Мексика, Чили) аз 750 то 8500 доллари ШМА дар як сол;

• дараҷаи нисбатан пасти даромаднокӣ (Тайван, Гонконг, Ҳиндустон) камтар аз 750 доллари ШМА дар як сол.

пешина
аз 785
навбатӣ