Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тараққинамудаи ҷаҳон ҷойгирифта наздик шуда бошанд, дохил карда мешуданд.

Ба чунин нишондиҳандаҳо давлатҳои нави саноатӣ ва давлатҳои содиркунандаи нафту маводи дигари энергетикии Шарқи Наздик соҳиб шудаанд.

Имрӯзҳо ба давлатҳои нави саноатии даври аввалин чор давлат бо номи "аждаҳои хурд"-и Осиё - Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Сингапур, Гонконг;

се давлати қитъаи Америки Лотинӣ - Аргентина, Бразилия, Мексика;

ба давлатҳои нави саноатии даври дуюм: Малайзия, Таиланд, Ҳиндустон, Чили;

ба давлатҳои нави саноатии даври сеюм - Кипр, Тунис, Туркия, Индонезия;

ба давлатҳои нави саноатии даври чорум - Филиппин, Хитой ва давлатҳои дигар дохил мешаванд.

Бояд зикр кард, ки давлатҳои нави саноатии дар боло зикршуда вобаста аз модели пешгирифтаи таъмини пешрафти иқтисодӣ, мавқеи ҷойгиршавиашон, дараҷаи гуногуни захираҳои табииашон ва ҳамкории иқтисодиашон аз якдигар қуллан фарқ мекунанд.

Масалан, агар давлатҳои қитъаи Осиё аз рӯзҳои аввали бозсозӣ сармояи хориҷӣ ва дохилии мамлакати худро пеш аз ҳама, барои бунёди саноати коркард ва соҳаҳои маҳсулоти хоми содиротӣ равона намуда бошад, пас давлатҳои нави саноатии қитъаи Америки Лотинӣ имтиёзҳои ШМА-ро истифода бурда, барои таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакати худ бо супориши ширкатҳои Америка сиёсати протекционизмро пеш гирифта, барои бароҳмонии соҳаҳои ба давлатҳои сармоядиҳанда зарурбуда, сармояи зиёд равона менамуданд.

Мувофиқи усули муқаррарнамудаи СММ меъёри муайянкунандаи давлатҳои нави саноатӣ имрӯзҳо ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ, афзоиши миёнаи ҳаҷми ММД дар як сол, таносуби саноати коркард дар ҳаҷми умумии ММД (набояд аз 20% кам

пешина
аз 785
навбатӣ