Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

мерасониданд, ибрат гирифта, бо мақсади ҳарчи бештар маҳдуд кардани корпоратсияҳои бузурги байналмилалие, ки халқро аз ҳад зиёд истисмор мекарданд, бо ҳам муттаҳидшавиро сар карданд. Дар натиҷа, солҳои 1960-70 дар Америкаи Лотинӣ, Африка ва Осиё зиёда аз 30 минтақаи озоди савдо, иттиҳодҳои гумрукӣ ва ҳатто бозори умумии ба созмони Иттиҳоди Европа монанд низ бунёд карда шуданд, дар бозорҳои онҳо мол ва маҳсулоти танҳо давлатҳои аъзои ин созмонҳо хариду фурӯш мешуданд.

Созмонҳои номбурда барои бунёд ва пешрафти корхонаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, пойафзол, коркарди чӯби давлатҳои рӯ ба инкишоф кӯмак расониданд.

Дар асоси захираҳои зиёди нафт, конҳои маъдан, ҷангал як гурӯҳ давлатҳои рӯ ба инкишоф мақсад доштанд корхонаҳои саноати нафту химия, металлургия, корхонаҳои истеҳсоли коғаз бунёд кунанд. Аммо иҷрои чунин мақсад сармояи зиёдеро барои харидани дастгоҳу таҷҳизот, олотҳои техникӣ ва тайёр намудани мутахассисон талаб менамуд.

Аз тарафи дигар, кори 24-соатаи чунин корхонаҳои азимро таъмин намудан ва бозори васеи фурӯши маҳсулоти онҳоро омода сохтан зарур буд. Таҷриба нишон дод, ки бо вуҷуди дар баъзе давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон бунёд гардидани чунин корхонаҳои бузург, онҳо дар фаъолияти корӣ ва ба фурӯш расонидани маҳсулоташон ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд.

Албатта, давлатҳои рӯ ба инкишоф чунин шароит надоштанд ва бе кӯмаки давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ин шароитро муҳайё карда наметавонистанд.

Дар баробари ин ҷараёни муттаҳидшавии давлатҳои рӯ ба инкишоф низ натиҷаҳои дилхоҳ надод. Дере нагузашта, бо сабабҳои ба бозори дохилӣ баровардани намудҳои якхелаи маводи хом рақобати байнидавлатии аъзои як иттиҳод хеле шиддат гирифт.

Дар минтақаҳои тиҷорати озод бошад, фаъолияти ширкатҳои миёнарав хеле авҷ гирифта, ба ҷои дастгирӣ ва кӯмак расонидан, ба ғорати ширкатҳои ватании худ сар карданд.

пешина
аз 785
навбатӣ