Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҳиссаи ҳукумати Япония хеле бузург аст. Ҳукумати Япония назорати қатъии худро ба раванди бозсозии истеҳсолот ҷорӣ намуда, ба ширкатҳои хусусӣ кӯмаки зиёд мерасонад. Бо қувват гирифтани як соҳа ҳукумати Япония кӯмаки худро ба соҳаи дигар гузаронида, аз пеши роҳи тараққиёти он тамоми мамониятҳоро мебардошт. Масалан, агар солҳои 1950 қисми зиёди маблағи буҷети давлат барои дастгирии соҳаҳои металлурӣ, химия, гидроэнергетика, киштисозӣ ва флоти тиҷоратӣ равона карда шуда бошад, пас соли 1960 ин маблағҳо дар мадди аввал ба сохмонии корхонаҳои азими электронӣ равона карда шуданд.
Бозсозӣ дар Япония солҳои 1955-1970 чунон босуръат амалӣ мешуд, ки дар натиҷаи он ба ҳисоби миёна афзоиши солонаи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) агар зиёда аз 11% -ро ташкил дода бошад, пас меъёри даромади умумӣ тахминан 35 фоизро ташкил намуд, ки чунин суръатро мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон надида буданд.
Мувофиқи ислоҳоти Ҷ. Доҷ ҳукумати Япония аз болои тамоми масъалаҳои иқтисодӣ назорати қатъӣ мебурд, аз ҷумла:
• тақсими маблағҳои пешбинишуда барои пардохти молҳо ва ашёи хоми воридшудаи соҳаҳои афзалиятнок;
• воридоти сармояи хориҷӣ;
• дар амал татбиқ намудани кашфиёти илмию техникӣ;
• муҳофизати истеҳсолоти маҳаллӣ аз рақобати хориҷӣ.
Мувофиқи қонунгузории давлати Япония дар баробари ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои бешумор дар дохил шудани сармояи хориҷӣ ҳавасмандкунонии воридоти технологияи пешқадам пешбинӣ шуда буд. Чунин назорат ба робитаҳои иқтисодии хориҷӣ қариб 22 сол давом карда буд. Дар рафти он зина ба зина мувофиқи талаботи аҳолӣ ва истеҳсолоти маҳаллӣ маҳдудиятҳо барои ворид намудани ин ё он намуди мол бардошта мешуд.
Дар баробари амалӣ намудани барномаи бозсозии иқтисодӣ ва ислоҳоти асосии ҳукуматӣ, ки дар ин бора дар боло гуфта гузаштем, Ҳукумати Япония ислоҳоти зиёди дохилисоҳавиро низ гузаронид, ки он дар маҷмӯъ барои пешрафти ин мамлакат асос гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор