Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
дар бозори озод ба фурӯш бароварда шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани ин амалиёт ҳазорҳо ширкатҳо аз ҳайати монополияҳои калонтарин баромада, мустақилият пайдо намуданд.
Қонуни соли 1947 қабулшудаи зиддимонополӣ дар оянда бунёд намудани холдингҳоро манъ карда, ба раванди муттаҳидшавии ширкатҳо назорати қатъӣ ҷорӣ намуд. Дар асоси ин Қонун истифодаи якҷояи саҳмияҳо тамоман манъ карда шуд. Ба имзо расонидани шартномаҳои тиҷоратӣ ва баҳри татбиқи он гирифтани қарзҳои давлатӣ аз тарафи давлат ба расмият дароварда шуд.
Дар шароити нав ширкатҳои навбунёд, ки дар Япония бо номи "Соро Сёся" хеле машҳур гашта буданд, дар барқарор намудани иқтисодиёти Япония нақши хеле муҳимеро бозиданд. Агар дар солҳои аввали амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ ширкатҳои "Соро Сёся" барои саноатикунонии истеҳсолот вазифаи таъмини маводи аввала, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо оид ба содирот ва воридоти мол, ба маблағ таъмин намудани содирот ва воридот, ба ҷо овардани хизматрасонӣ вобаста ба таъмини нақлиёт ва нигоҳдории борҳоро ба зимма гирифта бошад, пас солҳои авҷгирии истеҳсоли молҳои саноатӣ ва сермасрифи аҳолӣ ба ӯҳдаи худ вазифаи кашфи бозорҳои нав ба навро барои молҳои истеҳсоли японӣ, бо ҷудо намудани маблағ, иштироки бевосита дар корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёд намудани марказҳои бузурги тиҷоратӣ, хусусигардонии чӣ истеҳсолот ва чӣ фурӯши маҳсулоти он, васеъ намудани фаъолияти маркетинг ва бунёди анборҳои бузурги коркарди ашёи хомро иҷро менамуд.
Дар давраи ҳозира дар Япония бо вуҷуди зиёда аз 6000 ширкати тиҷоратии амалкунанда мавҷуд буданаш кулли масъалаҳои вобаста ба содирот ва воридоти молҳоро 16 ширкати бузург назорат менамоянд. Ҳаҷми тиҷорати солонаи онҳо зиёда аз 35% ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолии мамлакатро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда бузургии ин ширкатҳо ва қудрати иқтисодии онҳоро ифода менамояд.
Аз ҷиҳати ҳаҷми тиҷорати солона дар байни 15 ширкати бузурги ҷаҳон 6 ширкати японӣ - ширкати "Мисуй" 128 млрд. доллар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор