Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
дуюмдараҷа, "Ню-Йоркско-Московское трейдинг ИНК", "Гассин-Хуҷанд" шурӯъ намуданд. Ширкати "Тоҷик Девэлопмент ейченси" бо якҷоягии ширкати британиягии "Меридит Джоунс" сохтмони фабрикаи пахтаресӣ ва бофандагӣ дар Хуҷанд анҷом дода мешавад. Биржаи тиҷоратии Ню-Йорк сохтмони заводи истеҳсоли спирти нӯшокиро дар Данғара маблағгузорӣ менамояд.
Имрӯзҳо дар қаламрави Тоҷикистон корхонаҳое низ фаъолият доранд, ки пурра ба сармоягузорони американ тааллуқ доранд: "Биржаи тиҷоратии Ню-Йорк", корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Америка "Фарҳод", "Душанбе-В.И.С.Т.", "Эй Эм Си", "Маркази тоҷикистонии П.И МЕН", корхонаи Украинаю Америкоии "Зебра", "Агробарт", "Вайтекс", "Экспорт Импорт САДР Кал", "ABC" ва "Gopdon Evropen LLG".
Ҷадвали №33
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ҳазор доллар)
| с.1995 | с. 1996 | с. 1997 | с.1998 | с. 1999 | с.2000 | |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Муомилоти савдои хориҷӣ | 28774,5 | 18194,9 | 7878,6 | 3140,1 | 1535,2 | 1902,8 |
| Содирот | 18826,2 | 10779,0 | 5078,0 | 1720,2 | 861,6 | 592,4 |
| Воридот | 9948,3 | 7415,9 | 2800,6 | 1419,9 | 1673,6 | 1310,4 |
Ҷадвали №33 ҳаҷми воқеии муомилоти савдои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА-ро дар тӯли 5 соли охир нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор