Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари ин Европа манбаъҳои асосии ба даст овардани асъори хориҷиро, ки то солҳои ҷанг соҳаҳои хизматрасонӣ, бонкӣ, туризм буданд, аз даст дода буд. Дар ин давра Европа ба тамоми намуди молҳое, ки дар ШМА истеҳсол карда мешуданд, эҳтиёҷ дошт.

Робитаҳои иқтисодии корхонаҳои давлатҳои ҳамсоя, ки якдигарро то саршавии ҷанг бо ашёи хом таъмин менамуданд, канда шуда буданд. Баъзе аз корхонаҳои саноатӣ бо сабаби дастрас набудани ашёи хом пурра аз кор монданд.

Бар замми ин системаи бароҳмондаи ягонаи савдои дохилӣ ва хориҷии кулли давлатҳои Европа пурра аз кор бароварда шуда буд.

Чунин шароити баамаломадаро роҳбарияти ШМА ба назар гирифта, барои тадқиқи пурраи вазъи иқтисодии Европа комиссияи махсусеро, ки бевосита ба Президенти ШМА итоат менамуд, таъсис дод.

Комиссия баъд аз таҳлили амиқ дар ҳисоботи худ ба Президенти ШМА вазъияти дар кулли давлатҳои Европа баамаломадаро фалокатовар нишон дода, роҳҳои аз чунин вазъияти хатарнок баромаданро пешниҳод намуд.

Дар мадди аввал бояд барномаи ҳамкорие таҳия карда мешуд, ки он пеш аз ҳама худтаъминкунии бозсозии иқтисодиёти навбунёди Европа, баргардондани кӯмакҳои америкой, аз нав ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатии Европаро дар асоси технологияи пешқадами америкой пешбинӣ ва таъмин мекард.

Ин нуктаҳои зикршударо ба эътибор гирифта, 5 июни соли 1947 яке аз генералҳои ҳарбии Америка, собиқ сардори штаби генералии ШМА, котиби давлатӣ Ҷорҷ Кэтлетт Маршалл барномаи махсусеро бо номи "Барқарорсозӣ ва тараққиёти Европа" ба Президенти Америка пешниҳод намуд. /

Баъд аз мувофиқа бо намояндагони бонкҳо ва монополияҳои калонтарини Америка, Англия ва Франция ин барномаро Президенти Америка тасдиқ кард.

Тобистони соли 1947 дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ШМА, Англия, Франция ва СССР намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи пешниҳодшудаи Маршалдро зери танқид гирифта, онро

пешина
аз 785
навбатӣ