Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Чунин таблиғот, аз тарафи дигар, маънои онро дорад, ки чораҷӯҳои давлатҳои рӯ ба инкишоф дар бобати ба низомномаи байналмилалии тақсимоти меҳнат ворид намудани баъзе тағйироту иловаҳо имконнопазир ва бенатиҷа мебошанд.
Аммо, рафти тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон дар солҳои охир ин назарияро инкор намуд.
Бо вуҷуди замонавӣ будани ин назария камбудиҳои ҷойдошта ва тағйиротҳои бузурге, ки дар солҳои охир дар иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон рӯй дод, истифодаи ин назарияро хеле маҳдуд гардонданд.
Солҳои охир Япония ва Германия дар натиҷаи махсусгардонии намудҳои муайяни истеҳсолот бо бисёр нишондиҳандаҳои худ аз ШМА пеш гузашта, бозори молҳои гуногуни ШМА-ро дар ҷаҳон танг намуда, ба пешсафӣ ноил гардиданд. Чунин шароити баамаломадаро ба назар гирифта, як гурӯҳ тадқиқотчиёни американ бо роҳбарии М. Портер кӯшиш намуданд, ки дар назарияи "давраи ҳаётии маҳсулот" баъзе тағйироту иловаҳоро дохил кунанд ва ин назарияро ба талаботи замона мувофиқ гардонанд. Онҳо дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки дар натиҷаи тадқиқоти амиқи раванди иқтисодӣ ба чунин саволи хеле мураккаб: - Барои чӣ ширкатҳои махсуси баъзе давлатҳои ҷаҳон нисбат ба ширкатҳои амалкунанда дар баъзе соҳаҳои истеҳсолот бартарӣ доранд? - ҷавоб ёбанд.
Солҳои 80-ум тадқиқот зиёда аз даҳҳо давлатҳои калони аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳонро, ки онҳо дар якҷоягӣ зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми маҳсулоти ҷаҳониро истеҳсол менамуданд, дар бар гирифт.
Натиҷаҳои тадқиқот ба ин гурӯҳ шароите фароҳам овард, ки онҳо назарияи навро бо номи "рақобатпазирии байналмилалии миллат" пешкаши омма гардонданд.
Мувофиқи пешниҳоди (мазмуни асосии) ин назария аз байни давлатҳои ҷаҳон дар асоси чор нишондиҳандаи махсус давлатҳоеро, ки ба рақобати иқтисодии байналмилалӣ тоб оварда метавонанд, озодона муайян кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё