Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бозсозиҳои иқтисодӣ ва тағйироти сохторӣ дар солҳои охир нақши назарраси худро дар тақсимоти байнисектории захираҳои меҳнатӣ гузоштанд. Дар тӯли 10 соли охир шумораи кормандони сектори давлатӣ 59,8% кам шуданд.
Сабаби асосии кам шудани шумораи кормандони сектори давлатӣ дар хусусигардонӣ ва бунёди корхонаҳои саҳомӣ, корхонаҳои муштарак мебошад. Танҳо шумораи кормандони сектори хусусӣ аз 400800 нафар дар соли 1992 то 646400 нафар дар соли 1999 афзуд.
Дар рафти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба саҳомикунонии корхонаҳои давлатӣ эътибори хосае медод. Дар 10 соли охир шумораи кормандони корхонаҳои коллективӣ аз 388400 нафар дар соли 1992 то 432600 нафар дар соли 1999 расид. (Ҷадвали №28)
Дар натиҷа ҳиссаи захираҳои меҳнатӣ дар сектори хусусӣ ва коллективҳои корхонаҳои саҳомишуда дар маҷмӯи қувваи фаъоли кории корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 41,3% дар соли 1992 то 61,6% афзуд.
Ҷадвали №28
Шумораи аҳолии машғули кор аз рӯи шаклҳои моликият
| 1992 | 1996 | 1998 | 1999 |
|---|---|---|---|
| Ҳамагӣ дар иқтисодиёт машғулбуда | 1907,9 | 1731,2 | 1796 |
| аз ҷумла аз рӯи шаклҳои моликият: | 1080,8 | 784,2 | 766 |
| давлатӣ | 400,8 | 593,1 | 595 |
| хусусӣ | 388,4 | 323,1 | 414 |
| коллективӣ | 1,1 | 2,9 | 7 |
| омехта бо иштироки моликияти хориҷӣ | 36,8 | 27,9 | 10 |
| омехта бе иштироки моликияти хориҷӣ |
Бо туфайли бунёди корхонаҳои муштарак соли 1999 дар корхонаҳои гуногуни хусусӣ ва саҳомишудаи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 9800 нафар шаҳрвандони давлатҳои гуногуни хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор