Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар солҳои 1992-2000 шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда аз 7000 нафар то 54 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Бояд ёдовар шавем, ки ба гурӯҳи бекорон мувофиқи пешниҳоди Созмони байналхалқии меҳнат шахсони синнашон 15-сола ва аз он боло, ки дар давраи таҳсил кор намекунанд ва ё дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, дохил карда мешаванд.
Солҳои охири асри XX тадқиқотҳои иқтисодӣ нишон доданд, ки сатҳи бекорӣ дар байни давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ҳам гуногун мебошад. Масалан, ин нишондиҳанда дар ШМА нисбати шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 4,5%, Япония 4,1%, Британияи Кабир 6,3%, Германия 9,4%, Франция 11,7%, Италия 12,2% ва Испания бошад 18,8%-ро ташкил намудааст.
Сатҳи аз ҳама пасти бекорӣ дар қитъаи дунё бештар дар давлатҳои нави саноатӣ ва давлатҳои нав ба гурӯҳи давлатҳои тараққинамуда дохилшуда мушоҳида карда мешаванд. Ин нишондиҳанда соли 1997 дар Таиланд 1,4%, Сингапур 1,9%, Кореяи Ҷанубӣ 2,4%-ро ташкил медод.
Солҳои охир созмонҳои байналмилалии ҷаҳон дар ҳисоботҳои солонаи худ оид ба тараққиёти инсон дар 32 ҷадвали худ иттилооти муфассалро дар бораи давлатҳои навбунёди собиқ шӯравӣ нишон додаанд. Мувофиқи ҳисоботи СММ оид ба тараққиёти инсон дар соли 2000 сатҳи аз ҳама баланди бекорӣ соли 1998 дар Федерацияи Россия 13,3%, Латвия 9,2%, Арманистон 8,9%, Украина 4,3%, Қазоқистон 3,7%, Қирғизистон 3,1% ва Тоҷикистон 2,9% ба қайд гирифта шудааст.
Аз байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Узбекистон ба муваффақияти беҳад калон ноил гаштааст. Сатҳи бекорӣ дар ин ҷумҳурӣ соли 1998 ҳамагӣ 0,4%-ро ташкил намудааст.
Зиёда аз 55,8%-и шумораи умумии захираҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор