Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодии байнисоҳавӣ ва пешбурди сиёсати ҳамоҳангшуда дар бозори ҷаҳонӣ медид.

Барои иҷрои ин мақсад роҳбарияти Ӯзбекистон шароити хуби ҷойгиршавӣ, тамоми қудрату тавоноии мамлакати худро ба давлатҳои ҳамсоя барои якҷоя истифода бурдан, пешниҳод намуда буд.

Дар асл Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи махсуси геополитикии худро дошта аз ҷиҳати вазъи иқтисодӣ, дараҷаи баланди истеҳсолӣ, захираҳои сарватҳои зеризаминӣ ва соҳаи беҳад бузурги агросаноатӣ фарқ мекард. Баъди истиқлолият Ҳукумати Ӯзбекистон сохтори амалкунандаи давраи шӯравиро нигоҳ дошта, модели хоси идора намудани давлати худро кор карда баромад.

Агар ҷумҳуриҳои Назди Балтика солҳои 1990-94 сиёсати иқтисодии худро барои пурра барҳам додани сохтори амалкунандаи давлатӣ равона карда бошанд, пас Ҷумҳурии Ӯзбекистон самти мунтазам ва зина ба зина гузаронидани бозсозиҳои иқтисодиро пеша гирифта, дар баробари нигоҳ доштани сохтори амалкунандаи давлатӣ аз тамоми усулҳои идора намудани мамлакат, ба монанди супориши давлатӣ, тақсимоти марказонидашудаи захираҳо, таъини роҳбарияти ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо, вазорату корхонаҳо истифода мебурд.

Идора намудани хоҷагии халқи мамлакат дар асоси 5 принсипи бозсозии иқтисодие, ки дар концепсияи гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Каримов сабт ёфтаанд ва тамоми дунё онҳоро оҳиста-оҳиста эътироф намуд, бояд амалӣ мешуданд:

  1. Иқтисодиёт бояд доимо нисбат ба сиёсат бартарӣ дошта бошад, зеро он мувозинати муносибатҳои иқтисодии дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд.

  2. Бозсозии иқтисодӣ дар асоси муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ, истеҳсолоти саноатӣ, ки қисматҳои асосии сиёсати азнавсозии ҷамъият ба шумор мераванд, танҳо аз тарафи давлат бояд амалӣ карда шавад.

пешина
аз 785
навбатӣ