Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• зиёд кардани иқтидори содирот ва таъмини қобилияти рақобати корхонаҳо;

• ҷорӣ намудани сиёсати фаъоли истеҳсолӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;

• истифодаи шаклҳои ҳозиразамони ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, сармоягузорӣ, тиҷорат ва молияю кредит.

Чунончи, ки собиқ президенти Федератсияи Россия Б. Елтсин қайд карда буд, — «Соли панҷуми мавҷудияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишон дод, ки баъди давраи ҷудошавӣ дар иттиҳоди ҳамгироии давлатҳо дигаргунии қатъӣ ба вуқӯъ пайваст.

Чунин тасаввуроте ба миён омада буд, ки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи умумиҷаҳонӣ проблемаҳои худро дар танҳоӣ зудтар ҳаллу фасл мекунем, аммо акси ҳол шуд, ягон мамлакат дар танҳоӣ беҳтар намезист. Ҳамгироӣ ягона роҳи воқеӣ дар ноил шудан ба пешрафт мебошад. Маҳз насли ҳозираи сиёсатмадорон бояд проблемаи ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳал намояд.»

Соли 1995 Шӯрои сарварони ИДМ дар вохӯрии навбатии худ дар шаҳри Москва 19 январи соли 1996 бо қарори махсус фаъолияти ИДМ-ро маъқул дониста, пуркудрат шудани Иттиҳоди гумрукиро ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими Иттиҳоди иқтисодӣ арзёбӣ намуд.

Саҳифаҳои таърихи фаъолияти даҳсолаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро варақ зада, мо дар ҳақиқат мебинем, ки кишварҳои аъзои ИДМ дар тӯли ин солҳо барои мустаҳкам ва ҳаматарафа равнақу ривоҷ додани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар асоси риояи принсипҳои эҳтиром ва эътирофи мустақилияти давлатӣ, соҳибистиқлолӣ ва баробарҳуқуқӣ саъю талошҳои зиёд намудаанд.

Даҳ сол албатта, барои инсон як давраи тӯлонӣ мебошад, вале барои таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ як фосилаи кӯтоҳ аст. Ва агар, мо ин фосилаи ҳаётро аз нуқтаи назари бунёд ва устуворшавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигарем, заҳматҳои даҳсолаи роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои ИДМ, шумораи зиёди кормандони Кумитаи ҳамоҳангсозию машваратӣ, котиботи иҷроияи

пешина
аз 785
навбатӣ