Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

соли 1994 аз ҷониби Шӯрои сардорони ҳукуматҳои Иттиҳод тасдиқ гардидааст, истифода менамоянд. Ба мувофиқа расиданд, ки қоидаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкунандаи молро, ки 24 сентябри соли 1993 Шӯрои сардорони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳод тасдиқ кардааст, бо тағйироту иловаҳои минбаъда ва Созишнома дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатнома барои реэкспортро, ки 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расида, дар моддаҳои 4, 5, 6 он тартиб ва механизми тақсимоти боҷу хироҷи гумрукӣ, андозҳо ва боҷҳои дорои амали баробар, шартҳои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муваққатӣ, амалҳои муштарак дар соҳаи таъмини ягонагии идораи хадамоти гумрукӣ муфассал баён шудааст, истифода менамоянд.

Президенти Россия баъд аз ҷамъбасти кории Шӯрои сарварони давлатҳои ИДМ ба рӯзноманигорони тамоми дунё чунин изҳор намуд: "Ҳамин тариқ, ба сахтиҳо нигоҳ накарда, ҷараёни ҳамгироии давлатҳои ИДМ майл ба беҳбудӣ дорад. Аммо мо аз рафти он қаноатбахш шуда наметавонем. Мисли пештара, сухан дар бораи беҳтар шудани натиҷаи фаъолияти кори ИДМ меравад. Дар баробари ин таҷрибаи муносибатҳо каме боварӣ медиҳад. Барои ин мо далели махсусе дорем. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки Россия ва Белоруссия фазои ягонаи гумрукӣ доранд. Ба ин комёбӣ танҳо ба туфайли қарорҳои ИДМ, ки нисбат ба ҳамгироӣ қабул шудаанд, ноил гардиданд."

Марҳилаи нав дар роҳи бунёди Иттиҳоди гумрукӣ ба он дохил шудани Ҷумҳурии Қазоқистон буд.

10 январи соли 1995 Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Москва Созишнома "Дар бораи иттиҳоди гумрукӣ"-ро имзо намуданд.

Мутобиқи Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ба Иттиҳоди ягонаи гумрукӣ дохил гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоеро, ки аз Созишнома "Дар бораи иттиҳоди гумрукии байни Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус" аз 6 январи соли 1995 бармеоянд, ба зимма мегирад.

пешина
аз 785
навбатӣ