Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Давлатҳои номбурда маҷбур шуданд, ки роҳи махсуси тараққиёти иқтисодиёти мамлакатҳои худро муайян намоянд. Онҳо аз "ҳимояи" Москва ва бозори маҳдуди лагери сотсиалистӣ баромада, барои худ аввалан дар интихоби давлатҳои мутараққии капиталистии ҷаҳон ва истифодаи бозорҳои ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Дар ин бахш музаффариятҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷолиби диққат аст, ки бо он шуморо дар бахши Хитой шинос менамоем.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди аз Москва рӯй гардонидани баъзе давлатҳо пешрафти иқтисодии кулли давлатҳои лагери сотсиалистӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат баръало дида мешуд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои аъзои Шӯрои Ҳамкории Иқтисодӣ (ШҲИ - СЭВ) сол то сол вусъат меёфт.

Дар асоси ашёи хоми арзони Иттиҳоди Шӯравӣ (нафту газ, барқ), ки тавассути қубурҳои махсуси интиқол ба маркази Европа кашида шуда буданд, сабабгори вусъат гирифтани бозсозиҳои иқтисодии Европои Шарқӣ гардида, оҳиста-оҳиста ба махсусгардонии истеҳсолоти давлатҳои алоҳидаи сотсиалистӣ оварда расонд.

Чунин пешравии иқтисодӣ давлатҳои Европои Ғарбиро бетараф гузошта наметавонист. Шароити беҳтарини ҳамкорине, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои Европои Шарқӣ фароҳам оварда буд, аз як тараф бо ашёи хом таъмин намудани эҳтиёҷоти тамоми давлатҳои Европа, аз тарафи дигар роҳбарияти бисёр давлатҳоро водор намуд, ки аз сиёсати "ҷанги сард"-и солҳои баъдиҷангӣ пешгирифта даст кашида, муносибатҳои худро бо давлатҳои лагери сотсиалистӣ тағйир диҳанд.

Бо мурури замон, кишварҳои гуногуннизоми ҷаҳон дарк карданд, ки ҳамкории амалӣ танҳо дар асоси баробарӣ ва фоидаи муштарак сурат хоҳад гирифт ва он сабаби рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо мешавад.

Ҷидду ҷаҳди кишварҳои дунё, алалхусус Европа, сабабгори мувофиқат кардани онҳо дар ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ