Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
сиршавӣ ва осори он дар нимдоираҳои калон сигнализатсия мешавад, ки аз он ҷо бевосита ба ҳуҷайраҳои махсуси биноӣ, шунавой ва рецепторҳои дигари узвҳои организм мегузарад. Ин ҳам мисли таассурот, эҳсосот ва тасаввурот дар бораи муҳити атрофи чӣ умумитабиӣ ва чӣ иҷтимоӣ чизе мебошад, ки мо низ дорои он ҳастем, вале калимаи дида ва шунидашаванда аз ин сокит аст. Ин аввалин системаи сигналии воқеият мебошад, ки барои инсон ва ҳайвонот умумист. Аммо сухан системаи дуюми сигналҳои махсуси моро ташкил дода, сигнали аввалин шудааст 1.
Ҳамаи ин ба он шаҳодат медиҳад, ки ҳеҷ фикр бе забон ба вуҷуд намеояд. Ҳар як фикр дар асоси забон ба вуҷуд меосад ва бо ёрии калима ва ҷумлаҳо ифода карда мешавад. Забон ва тафаккур бо ҳам алоқаи зич доранд, вале онҳо айнан як ҳодиса намебошанд. Фикр, шакли махсуси инъикоси воқеият дар майнаи сари инсон мебошад. Вале забон воситаест, ки инсон бо ёрии вай фикри худро ифода мекунад.
Фарқияти тафаккур ва забон боз дар он аст, ки як фикр дар забонҳои халқҳои гуногун бо ёрии суханҳои гуногун ифода карда мешавад. Ҳатто, дар худи як забон ҳам баъзан як фикрро бо ёрии якчанд калимаҳои шаклан гуногун (синонимҳо) ифода мекунем. Масалан, шамс, хуршед, офтоб ва ғайра. Баъзан бо ёрии як калима якчанд фикрҳо (омонимҳо) (чунончи: дари хона, дар — пешоянд; бар — феъли фармоиш; бар — хушкӣ ва ғайра) ифода карда мешаванд. Ин фактҳо фарқи забону тафаккурро нишон медиҳанд.
Чунин аст таълимоти мантиқии материалистӣ дар бораи забон ва тафаккур.
Чӣ навъе ки дар боло зикр шуд, шаклҳои тафаккур: мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ мебошанд. Ин шаклҳои фикр, ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакли худ инъикоси ҷиҳатҳои муайяни воқеият дар майнаи инсон мебошанд.
Чунончи, барои мисол хулосабарории зеринро аз назар мегузаронем: «Ҳамаи гражданинҳои СССР ҳуқуқи илмгирӣ доранд. Тоҷикҳо — гражданинҳои СССР мебошанд. Пас, тоҷикҳо ҳуқуқи илмгирӣ доранд».
Дар ин ҷо на фақат мазмуни муҳокимаҳои зикршуда инъикоси ҳақиқии воқеият мебошанд, балки алоқаи онҳо ҳам ифодаи алоқаи чизҳои олами моддӣ мебошад.
Барои ташкилёбии шаклҳои фикр фаъолияти амалии одам роли ҳалкунандаро мебозад. Одам дар рафти таҷрибаи истеҳсолии худ, масалан, дониста мегирад, ки санг — ярокест, ки бо он бар зидди ҳайвонҳои дарранда мубориза бурдан мумкин аст. Дар натиҷаи борҳо такрор шудани фаъолияти амалӣ, дуруст будани ин фикр тасдиқ мешавад. Бинобар ин, одам хулоса ба-
___________________ 1 И. П. Павлов, Асарҳои мунтахаб, Москва, соли 1949, саҳ. 527.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё