Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо тасвир на фақат нишонаҳои муҳим, асосӣ, балки нишона, ҷиҳатҳои номуҳим ҳам баён карда мешаванд.

Тасвир бо инъикоскунии аёнӣ наздик аст, бинобар ин вай бештар бо тасаввурот вобаста аст. Вале тасвир баъзан ба таърифи мафҳум низ наздик шуда метавонад. Баъзан тасвир чунин ҷиҳат ва хусусиятҳои муҳими предметро ифода менамояд, ки он вазифаҳои таърифро иҷро мекунад.

Характеристика. Дар характеристика нишонаҳои намоёнтарини предмет оварда мешаванд. Ва ин нишонаҳо тасодуфӣ не, балки интихоб карда гирифта мешаванд. Барои характеристика чунин ҷиҳатҳое гирифта мешаванд, ки онҳо бо мақсади аниқ хислатҳои муҳими ҳамин предметро ошкор мекунанд. Дар ин бобат характеристика аз тасвир ва нишондод фарқ мекунад. Агар барои ягон шахс характеристика навишта шавад, бояд нағз фикр карда фаҳмид, ки он шахс бо кадом сифатҳояш аз дигар одамҳо ба вай монанд фарқ мекунад. Агар ба предмет характеристикаи дуруст дода шавад, ин гуна характеристика бо таърифи илмӣ аз бисёр ҷиҳатҳо мувофиқ меояд. Ҳамин тавр, характеристика аз таърифи илмӣ то дараҷаи мукаммалии худ фарқ мекунад, вале баъзан вай таърифи илмии хеле аниқ ҳам мешавад.

Масалан, С. Айнӣ дар асараш «Ятим» ба қаҳрамон Юрий Сенчиков чунин характеристика медиҳад: «Дар машки ҷанг ба Ятим Юрий Сенчиков командири хурди полки саворӣ буда, дар ташкилоти комсомолии ин полк котиб ҳам буд. Сенчиков гӯё аз диловарии, аз қаҳрамонӣ, аз муҳаббати ватани социалистӣ, аз дӯстдории одамҳо сохта шуда буд. Ӯ ҳамеша ба фидо кардани ҳаёти худ барои нигоҳдории ҳаёти дигарон, ки барои мудофиаи Ватан, ё сохтмони социалистӣ ба кор оид, тайёр буд.

Ӯ ҳамеша бачагони калонсолтарро дар гирди худ гун карда, ба онҳо машки ҷангро меомӯхт ва дар айни ҳол кӯшиш мекард, ки ҳамаи сифатҳои хуби худро ҳам ба онҳо гузаронад.

Юрий Сенчиков дар ҷангҳои ба муқобили босмачӣ ҳамеша дар сафи пеш мегашт. Дар вақтҳое ки атроф осуда бошад, вақти худро бо сарҳадчиён мегузаронид ва дар амалиёти сарҳаддорӣ ҳамроҳӣ мекард. Дар ин гуна вақтҳо бачагони калонсоли ятимхонаеро, ки дар сарҳад буд, машки ҷанг меомӯхт.¹

Чунинанд усулҳое, ки бо таърифи мафҳум монандӣ доранд. Барои ошкор кардани мазмуни предмет на танҳо таъриф ба кор бурда мешавад, балки усулҳои зикршуда ҳам истифода бурда мешаванд. Дониста гирифтани ин гуна усулҳо ҳамеша дар фаъолияти амалӣ ва илмӣ лозиманд.

___________________ ¹ С. Айнӣ. Куллиёт, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон. Душанбе, 1961, ҷ. 4, саҳ. 322.

пешина
аз 192
навбатӣ