Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Лайлию ба дил ҳазор роҳат,
Маҷнуну ба сина сад ҷароҳат.
Лайлию шароби ҳусн дар сар,
Маҷнуну дили кабоб дар бар.
Лайлию зи ҳусн боғ дар боғ,
Маҷнуну, зи ишқ доғ бар доғ.

Шарҳдиҳӣ. Шарҳдиҳӣ бо ягон мақсад нишонаи предметро ошкор менамояд ва баъзе ҷиҳатҳо, хислатҳои онро махсус таъкид мекунад. Масалан, калимаи «диалектика» аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънои аввалинаш санъати баҳсу мунозира мебошад, ки дар натиҷаи ба ҳам дучор шудани фикрҳои ба якдигар зид ҳақиқат дониста гирифта мешавад.

Муқоиса (ташбеҳ). Бо ин усул монандӣ ва фарқи ягон предмет бо предметҳои дигар муайян карда мешавад.

Масалан, дар эҷодиёти халқ малаҳ чунин муқоиса карда мешавад:

«Як савол бо ту дорам, эй рафиқи боҳунар,
Дар биёбоне бидидам як аҷоиб ҷонвар.
Мӯрпову морчашм, лайлакпару аждаршикам,
Шутурзону, шерсина, филгардан, аспсар».

Шоир Рӯдакӣ ҳусни маъшуқаро бо чунин монандкуниҳо тасвир намудааст:

Рӯят — дарёи ҳусну лазлат — марҷон,
Зулфат — анбар, садаф — даҳон, дурр — дандон.
Абрӯ — киштию чини пешона — мавҷ,
Гардоби бало — ғабғабу чашмат — тӯфон.

Тасвир. Тасвиркунӣ барои баъзе илмҳо ва аз он ҷумла дар адабиёт, таърих, аҳамияти калон дорад. Тасвиркунӣ дар бисёр мавридҳо барои бо предметҳои алоҳида шинос кардан истифода бурда мешавад.

Тасвирҳои беҳтаринро мо дар осорҳои адабиёти классикӣ ва асарҳои таърихӣ мебинем. Шоир Мирзо Турсунзода боғи шаҳри Бомбайро чунин тасвир мекунад:

«Дидаам дар Бомбай боғи муаллақ чун биҳишт, Бо қалам тавсифи онро кай тавонад кас навишт.
Боғ сабзу акси он рӯзу шабон дар об сабз, Дар даруни об гӯё шӯълаи маҳтоб сабз.
Дар лабони хубрӯён хандаи ҳусни дигар аст, Чилваи ин боғ ҳам дар нозуки нозуктар аст.
Рӯбаҳу оҳуву фил аз навдаҳо сабзандаанд, Ҷонварон дар баргҳо тасвири худро дидаанд.
Бофта қолини сабз аз сабзаҳо дасти ҳунар, Бар рухи ҳар барг шабнам медурахшид чун гуҳар.
Дидаам ду боғ ман, Ду гунбази сабзу кабуд, Дар баландии он якею В-он дигар дар об буд».

пешина
аз 192
навбатӣ