Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муайян намудан ва асоснок кардани ҳақиқат ва ё дурӯғ будани фикрҳо, фикрҳои ҳақиқиро аз фикрҳои бардурӯғ ҷудо кардан ба воситаи амалиёти инсон исбот карда мешавад. Модоме ки бо ёрии фаъолияти амалии ҳақиқи фикрҳо муайян карда шуда, фикрҳои ҳақиқӣ аз фикрҳои бардурӯғ ҷудо карда мешаванд, амалиёт — меъёри ҳақиқат мебошад. Танҳо фаъолияти амалӣ-истеҳсолии инсон ҳақиқат ва ё дурӯғ будани ҳар навъ фикрро муайян мекунад. Амалиёт на фақат меъёри ҳақиқат, балки фаъолияти амалӣ ҳамчун асос ва мақсади дониш ҳам мебошад.

Ин фикр чунин маъно дорад, ки маҳз дар рафти амалиёти инсон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хоҷагии қишлоқ, лабораторияҳои илмӣ дониш пайдо карда, онро дар амалиёт истифода бурдан аст. Дониш фаъолияти ҷамъиятии инсонро ниҳоят пуркувват мегардонад.

Инсон дар фаъолияти амалии худ бо оламе, ки вайро иҳота кардааст, бевосита муносибат мекунад. Дар самти амалан таъсир расонидан ва дигаргун сохтан дар пеши назари инсон хусусиятҳои пеш аз ин номаълуми ашёҳо ва предметҳо зоҳир ва ошкор мешаванд. Аз ашёҳо ва предметҳо истифода бурдан дар айни замон маънии дониста гирифтани онҳоро дорад.

Амалиёт чи қадаре ки гуногун ва бой бошад, дониш ҳам ҳамон қадар васеъ ва чуқур мешавад.

Дар рафти фаъолияти амалӣ донишҳо, фикрҳои тахминӣ, таҷрибаҳои пештара санҷида мешаванд. Аз тарафи дигар, худи амалиёти инсон аниқ кардани мувофиқати мазмуни фикрро бо воқеият, ташкилёбии мафҳум, муҳокима ва фарқи фикри ҳақиқию дурӯғро металабад.

Ҳар навъ меҳнат ва фаъолияти амалӣ дар асоси донишҳои муайян ба миён меояд.

Дар вақти фикр кардан одам аз он донишҳое, ки дар ама- лиёт санҷида шудаанд, истифода бурда, дар асоси онҳо, бо ёрии онҳо, донишҳои худро боз ҳам зиёдтар ва васеътар мена- моянд. Чунончи, одам дар ягон ҷо дудро дида, дар бораи дар ҳамон ҷо вуҷуд доштани оташ хулоса мебарорад, ҳол он ки дар айни замон оташро надидааст. Дар ин гуна маврид инсон донишҳои дар амалиёт ва таҷрибаи пештара пайдо кардаашро (яъне ба чунин фикр: «дар он ҷое ки дуд ҳаст, оташ ҳам ҳаст») ба эътимод мегирад.

Ё ин ки мо аз радио ягон суруди форамро мешунавему дар бораи овози фалон артисти шинос буданаш хулоса мебарорем, зеро пеш аз ин, ин овоз ба мо маълум буд.

Аз донишҳое ки пеш аз ин пайдо шуда, дар амалиёт сан- чида шудаанд, истифода мебарем ва аз ин сабаб барои сан- чидани ҳар як фикр эҳтиёҷ надорем. Мазмуни донишҳои пеш аз ин пайдо намудаамонро таҳлил ва онҳоро бо далелҳо, ҳуҷчатҳои

пешина
аз 192
навбатӣ