Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

мақсад, манфиати аслии оммаи халқро муҳофизат мекунанд, муқаррар карда шуда, пас фарқи куллии онҳо аз давлатҳои буржуазии замони ҳозира, ки қатъи назар аз шаклҳои гуногунашон, аз ҷиҳати моҳият ҳокимияти синфи буржуазияи империалистӣ буда, барои истисмор кардани оммаи меҳнаткашон дар дасти ин синф ҳамчун аслиҳа хизмат мекунад, муайян карда шавад.

Дар рафти тадқиқ набояд ҳар навъ предметҳо муқоиса карда шаванд. Бояд инчунин предметҳои воқеият муқоиса карда шаванд, ки онҳо бо ҳамдигар ягон наздикӣ ё умумият дошта бошанд. Агар предметҳо ки бо якдигар алоқамандӣ надоранд, муқоиса карда шаванд, ин амал бефоида мешавад.

Чунончи, муқоисаи мафҳумҳои «қаҳрамонӣ» ва «яҳ», «муболиға» ва «пуд» ва ғайра аз ҷиҳати назария ва на аз ҷиҳати амалия ягон фоидае надорад.

Нишонаҳо, хусусиятҳои дуввумдараҷаи номуҳим не, балки нишонаҳои муҳими предметҳо муқоиса карда шаванд. Масалан, таърихчиёни буржуазӣ сохти ҷамъияти як мамлакатро бо сохти ҷамъияти мамлакати дигар дар асоси чунин нишонаҳое ки барои тараққиёти сохти ҷамъиятӣ аҳамияти ҳалкунанда надоранд (масалан: иқлим, мавқеи географии мамлакат, зичӣ ва ё афзоиши аҳолӣ ва ғайра), муқоиса мекунанд. Ин гуна нишонаҳо барои сохти ҷамъият, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ роҳи ҳалкунандаро надоранд. Маълум аст, ки СССР ва ШМА аз ҷиҳати иқлими худ фарқи куллӣ надоранд, вале тараққиёти сохти ҷамъиятии ШМА нисбат ба сохти ҷамъиятии СССР ба як давраи томи таърихӣ қафо мондааст.

Барои сохти ҷамъиятии ду мамлакатро муқоиса кардан на ин ки нишонаҳои ғайримуҳим, дуввумдараҷа, балки нишонаҳои муҳим, яъне тарзи истеҳсолот, муносибатҳои истеҳсолӣ ва ғайра муқоиса карда шавад.

Мисоли дигарро мебинем. Ҳанӯз дар асри XVIII забоншиносон барои тадқиқ забонҳоро муқоиса менамуданд, лекин ин муқоиса характери илмӣ надошт, зеро онҳо дар муқоиса нишонаҳои муҳимро ба асос намегирифтанд. Одатан он забоншиносон фақат калимаҳоро, илова бар ин, на танҳо калимаҳои фонди асосии луғавиро, балки ҳар навъ калимаҳоро ва аз он ҷумла калимаҳои аз дигар забонҳо гирифташударо муқоиса мекарданд. Ин гуна муқоиса дар асоси монадии рӯякии калимаҳо ба анҷом мерасид. Маълум аст, ки Н. Я. Марр ҳамин гуна муқоисаи нодурустро кор мефармуд. Маҳз аз ҳамин сабаб онҳо хулосаҳои дурӯғ ва беасос мебароварданд.

Забоншиносони марксист нишон доданд, ки барои фаҳмида гирифтани забонҳо, бояд ҷиҳатҳои муҳими онҳо — сохти грамматикӣ ва фонди асосии калимаҳо муқоиса карда шаванд.

Бо ёрии муқоиса, ки фарқ ва монадии предметҳо муқаррар мегардад, фақат муносибатҳои берунии онҳо ошкор карда мешаванд.

пешина
аз 192
навбатӣ