Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Ҳар як предмет дорои нишонаҳои сершумору гуногун мебошад. Ҳамаи ин нишонаҳо як хел аҳамият ва қимат надоранд.
Нишонаҳо ба нишонаҳои муҳим ва ғайримуҳим (дуюмидараҷа) тақсим мешаванд. Нишонаи муҳим ва ё ин ки ҷамъи нишонаҳои муҳим монандӣ ва фарқияти предметҳоро муайян мекунад. Бе ҳамин нишонаи муҳим ва ё бе ҷамъи нишонаҳои муҳим предмети мазкур вуҷуд дошта наметавонад. Бо нишонаҳои муҳим як предмет аз предмети дигар фарқ карда мешавад. Чунончи, нишонаҳои муҳими миллат: умумияти забон, территория, ҳаёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои психикӣ мебошанд. Бо ҳамин нишонаҳо як миллат ба миллати дигар монандӣ дорад ва дар айни замон аз чунин умумиятҳои таърихии одамон — қабила, халқият фарқ мекунад.
Нишонаи муҳими мол аз он иборат аст, ки вай, аввалан, ягон талаботро қонеъ мегардонад, сониян, бо дигар чизҳо иваз карда мешавад. Нишонаи муҳим дигаргуннашаванда, тағйирнаёбанда нест. Ин нишонае ки ҳоло аз ҳамин ҷиҳат, муносибат муҳим аст, дар дигар вақт, аз дигар ҷиҳат ва ё муносибат гирифта шавад, характери муҳими худро гум мекунад. Ҳар як чиз, предмет бо дигар предметҳо, ҳодисаҳо аз даҳҳо, садҳо ҷиҳат алоқадор, вобастагӣ ва ё муносибат дорад, пас он нишонае ки дар як нисбат муҳим аст, дар дигар нисбат муҳим намешавад. Муҳимиву номуҳимии нишонаро амалиёти истеҳсолотии ҷамъиятии инсон исбот менамояд.
Мафҳум чунин шакли фикрест, ки вай нишонаҳои муҳим ва асосии предметҳо ва ҳодисаҳои олами моддиро инъикос менамояд.
Мафҳум шакли олии дониши фикрию инсон мебошад. Мафҳум ҳамчун шакли олии фикр нишонаҳои муҳими як предмет ва ё нишонаҳои муҳим ва умумии як гурӯҳ предметҳо, чизҳоро инъикос мекунад. Ҳар як фикр мафҳум намешавад. Мафҳум дар бораи предмет, чунин фикрест, ки ба воситаи он монандӣ ва фарқияти предмети дар он мафҳум инъикос гардида аз дигар чизҳо фаҳмида мешавад.
Дар ин ҷо мо пеш аз ҳама мафҳумҳоро аз назар мегузаронем.
Вале ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки мафҳум шакли аввалини тафаккур бошад. Мафҳум шакли ибтидо, шакли якумин фикр нест. Мафҳум одатан ҳамчун қисмҳои таркибии дигар шакли фикр — муҳокима хизмат мекунад. Масалан, аз мафҳумҳои «Нависандагони советӣ» ва «Муборизони сулҳ» муҳокимаи «Нависандагони советӣ муборизони сулҳ мебошанд» ба вуҷуд меояд; аз мафҳумҳои «Ҳуқуқшиносони советӣ» ва «Хоҳимони қонунҳои Давлати Советӣ» муҳокимаи «Ҳуқуқшиносони советӣ хоҳимони қонунҳои Давлати Советӣ мебошанд» ба вуҷуд меояд. Ин мафҳумҳои зикршударо мо алоҳида дида метавонем, зеро онҳо роли узви муҳокимаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Ин мафҳумҳо на фақат дар қисмҳои таркибии муҳокимаҳои дар боло зикр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё